Сироҷиддин Муҳриддин: Таҳримҳои зидди Русия ба Тоҷикистон низ дахл доранд

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Обуна шудан
Ба эътиқоди Сироҷиддини Муҳриддин, равобити Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ба манофеи миллӣ бастагӣ дорад, на ба шароити беруна
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир дорад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ зимни ҷамъбасти кори ин шӯъба дар нимсолаи аввали соли 2023 хабар дод.
"Муносибатҳои мо бо Русия ба шароити беруна вобаста нест, мо ба ин масъала бо назардошти манофеи миллии Тоҷикистон бархӯрд мекунем", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурӣ барои густариши имконоти равобити Тоҷикистону Русия пайваста талош дорад.
Инро боздидҳои пайвастаи ҷонибҳо ба ҳамдигар ва анҷуманҳо тасдиқ мекунад, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Новобаста аз Ғарб ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия тақвият меёбанд
Қаблан Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Маскав ҳоло сенарияеро пешбинӣ намекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ҳамроҳ шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, суди ҳосил аз шомил шудан ба ба истилоҳ таҳримҳо дар баробари талафоте, ки шикасти равобит бо Русия метавонад ба он оварда расонад, чизе нест.
Лентаи хабарҳо
0