Табаддулоти низомӣ боз дар як кишвари африқоӣ

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСнайперские винтовки СВД, архивное фото
Снайперские винтовки СВД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Низомиёни боз як кишвари дигари африқоӣ дар бораи барканории президент аз қудрат хабар доданд, ки баъди роҳбарии 40-солаи падараш ба ҳукумат расида буд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Натиҷаи интихоботи президентӣ дар Габон бекор ва ниҳодҳои ҳукуматӣ беэътибор эълон шудаанд, иттилоъ дод Франс Пресс.
Ба иттилои манбаъ, низомиёни ин кишвар табаддулоти давлатӣ эълон кардаанд.
"Сарбозҳои Габон эълон медоранд, ки интихобот бекор ва ҳукумат беэътибор гардид", - омадааст дар иттилоияи нашргардида аз тариқи телевизион.
Низомиён эълон доштаанд, ки низоми феълӣ дар кишварро барҳам медиҳанд. Хабар дода мешавад, ки дар пойтахти мамлакат — Либревил садои тирпарронӣ шунида мешавад.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Маскав: Ғарб натавонист ба равобити Русия ва кишварҳои Африқо таъсир расонад
Ин дар ҳолест, ки ахиран маълум шуд, раисиҷумҳури феълии Габон Алӣ Бонго Ондимба бо зиёда аз 64%-и овозҳо дигарбора президент интихоб гардидаст.
Қаблан мақомоти Габон пахши радиои фаронсавии RFI (Radio France Internationale) ва шабакаи телевизионии France24-ро мутаваққиф карда буданд. Дар кишвар соати комендантӣ ҷорӣ карда шуда, дастрасӣ ба интернет баста шуд.
Сарвари кунунии давлат Алӣ Бонго Ондимба, ки 64 сол дорад, бори нахуст соли 2009 пас аз марги падараш Умар Бонго Ондимба, ки беш аз 40 сол раисҷумҳури Габон буд, интихоб шуд.
Лентаи хабарҳо
0