https://sputnik.tj/20230725/vukh-rusiya-gharb-ravobit-rusiya-afriqo-tasir-1058433382.html
Маскав: Ғарб натавонист ба равобити Русия ва кишварҳои Африқо таъсир расонад
Маскав: Ғарб натавонист ба равобити Русия ва кишварҳои Африқо таъсир расонад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки кишварҳои Ғарб наметавонанд аз шӯриши Пригожин истифода намоянд ва ба равобити Русияву Африқо таъсир расонанд
2023-07-25T12:59+0500
2023-07-25T12:59+0500
2023-07-25T19:27+0500
русия
дар русия
дар ҷаҳон
сиёсат
равобит
африқо
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054034270_0:156:3072:1883_1920x0_80_0_0_aff4aaf9a8f9e30f41f5a7a44f400e33.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кишварҳои ғарб талош доранд, ки вазъро бо шӯриши раҳбари гурӯҳи Вагнер Евгений Пригожин ба хотири таъсир расонидан ба равобити Русия ва Африқо истифода намоянд, аммо ин натиҷае надод, гуфт ба РИА Новости сафири вижаи Вазорати умури хориҷии Русия Олег Озеров."Кишварҳои африқоӣ ин гуна суолҳоро дар назди мо матраҳ накардаанд. Ва ин то ҳол ба сатҳи ширкат ва сифати ширкаташон таъсир нагузоштааст. Чизи дигар ин аст, ки шарикони ғарбии мо кӯшиш карданд, аз ин вазъ тавассути таблиғоти муносиб истифода кунанд. Аммо ин таъсире надошт. Ман мутмаинам, ки ин таъсире нахоҳад гузошт", - гуфт оқои Озеров.Шаби 24 июн дар шаҳри Ростови лаби Дон штаби ҳавзаи низомии ҷанубӣ аз сӯи гурӯҳи Вагнер ишғол кард шуд. Шӯриш пас аз изҳороти Пригожин дар бораи он, ки гӯё артиши РФ ба урдугоҳҳои Вагнер ҳамлаҳои мушакӣ ва бомбпартоӣ анҷом додаанд, сурат гирифт. Ин дар ҳолест, ки вазорати дифои Русия ва ҳам ФСБ ин иттилоъро рад карданд. Ба мукобили Пригожин барои ташкили шӯриши мусаллаҳона парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Владимир Путин раисиҷумҳури Русия, амали шӯришиёнро як моҷароҷӯии ҷиноӣ, задани корд ба пушти Русия ва хиёнат номид.Баъдан, раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, дар мувофиқа бо Путин, бо Пригожин гуфтугӯ кард ва пас аз он хадамоти матбуоти Лукашенко хабар дод, ки раҳбари Вагнер пешниҳоди ӯро дар бораи қатъи ҳаракат ба сӯи Маскав ва андешидани чораҳои минбаъда барои коҳиши шиддатро қабул кардааст.Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки оқои Пригожин ба Беларус меравад ва парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ қатъ карда мешавад. Кремл гуфт, ки кафолати ин суханони раисиҷумҳури Русия аст. Путин ба ҷангиёни "Вагнер" пешниҳод кард, ки бо имзои қарордод бо вазорати дифоъ ё дигар ниҳодҳои интизомӣ хидмати дар сафи артишро идома диҳанд ва таъкид кард, ки онҳо низ метавонанд ба назди хешовандон ва дӯстони худ баргарданд ва ё ба Беларус бираванд. Рӯзи 27 июн Лукашенко вуруди Пригожинро ба қаламрави Беларус тасдиқ кард.
https://sputnik.tj/20230724/putin-omodagi-rusiya-tamin-niyozmandon-1058415001.html
русия
африқо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054034270_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_1e8885eb3721c6a4424cf8bb30fbbd98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, африқо, равобит, африқо, истифода, пригожин, ҳамкорӣ, шӯриш
русия, африқо, равобит, африқо, истифода, пригожин, ҳамкорӣ, шӯриш
Маскав: Ғарб натавонист ба равобити Русия ва кишварҳои Африқо таъсир расонад
12:59 25.07.2023 (Навсозишуда: 19:27 25.07.2023) Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки кишварҳои Ғарб наметавонанд аз шӯриши Пригожин истифода намоянд ва ба равобити Русияву Африқо таъсир расонанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кишварҳои ғарб талош доранд, ки вазъро бо шӯриши раҳбари гурӯҳи Вагнер Евгений Пригожин ба хотири таъсир расонидан ба равобити Русия ва Африқо истифода намоянд, аммо ин натиҷае надод, гуфт ба РИА Новости сафири вижаи Вазорати умури хориҷии Русия Олег Озеров.
"Кишварҳои африқоӣ ин гуна суолҳоро дар назди мо матраҳ накардаанд. Ва ин то ҳол ба сатҳи ширкат ва сифати ширкаташон таъсир нагузоштааст. Чизи дигар ин аст, ки шарикони ғарбии мо кӯшиш карданд, аз ин вазъ тавассути таблиғоти муносиб истифода кунанд. Аммо ин таъсире надошт. Ман мутмаинам, ки ин таъсире нахоҳад гузошт", - гуфт оқои Озеров.
Шаби 24 июн дар шаҳри Ростови лаби Дон штаби ҳавзаи низомии ҷанубӣ аз сӯи гурӯҳи Вагнер ишғол кард шуд. Шӯриш пас аз изҳороти Пригожин дар бораи он, ки гӯё артиши РФ ба урдугоҳҳои Вагнер ҳамлаҳои мушакӣ ва бомбпартоӣ анҷом додаанд, сурат гирифт.
Ин дар ҳолест, ки вазорати дифои Русия ва ҳам ФСБ ин иттилоъро рад карданд. Ба мукобили Пригожин барои ташкили шӯриши мусаллаҳона парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Владимир Путин раисиҷумҳури Русия, амали шӯришиёнро як моҷароҷӯии ҷиноӣ, задани корд ба пушти Русия ва хиёнат номид.
Баъдан, раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, дар мувофиқа бо Путин, бо Пригожин гуфтугӯ кард ва пас аз он хадамоти матбуоти Лукашенко хабар дод, ки раҳбари Вагнер пешниҳоди ӯро дар бораи қатъи ҳаракат ба сӯи Маскав ва андешидани чораҳои минбаъда барои коҳиши шиддатро қабул кардааст.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки оқои Пригожин ба Беларус меравад ва парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ қатъ карда мешавад. Кремл гуфт, ки кафолати ин суханони раисиҷумҳури Русия аст. Путин ба ҷангиёни "Вагнер" пешниҳод кард, ки бо имзои қарордод бо вазорати дифоъ ё дигар ниҳодҳои интизомӣ хидмати дар сафи артишро идома диҳанд ва таъкид кард, ки онҳо низ метавонанд ба назди хешовандон ва дӯстони худ баргарданд ва ё ба Беларус бираванд. Рӯзи 27 июн Лукашенко вуруди Пригожинро ба қаламрави Беларус тасдиқ кард.