Омодагӣ ба зимистон ва захираи сӯзишворӣ: Раҳмон дар маҷлис ба ҳукумат чӣ супориш дод?

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар барои иҷрои саривақтию босифати масъалаҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблии ҳукумати мамлакат дастурҳо дод
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Ахиран таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумат баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти расиҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, дар кори маҷлис нахуст Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.
Ҳукумати кишвар қарор намуд, ки Кумитаи тадорукот барои амалисозии Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалисозии ибтикороти панҷуми Президенти Тоҷикистон дар бораи эълон шудани “Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар муҳлатҳои муқарраргардида тадбирҳои амалӣ андешад.
Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андоз”, қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023”, Қонуни кишвар “Дар бораи Парки технологӣ”, Қонун “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон” ва ғайра баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Раҳмон ба 200 нафар мукофоти давлатӣ дод: Нависанда, шоир ва ҳунарпешаи халқӣ бештар шуд
Ҳамзамон дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон як қатор масъалаҳои дигар, ба монанди барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Тоҷикистон, барномаи давлатии солимии репродуктивӣ, барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар кишвар ва барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки баъди баррасии масъалаҳои маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон Президенти кишвар барои иҷрои саривақтию босифати масъалаҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблии ҳукумати мамлакат дастурҳо дод.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва сохторҳои давлатӣ дар бораи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, захираи маводи сӯзишворӣ, супоришҳои қатъи дод.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин ба мақомдорон дар бораи кабудизоркунӣ, беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноки заминҳои кишт, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолият дар саросари кишвар, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳо супоришҳо дод.
Лентаи хабарҳо
0