https://sputnik.tj/20230830/rohbari-najoti-aral-tojikiston-qazoqiston-1059127406.html
Тоҷикистон роҳбарӣ дар Фонди наҷоти Аралро ба кӣ месупорад?
Тоҷикистон роҳбарӣ дар Фонди наҷоти Аралро ба кӣ месупорад?
Sputnik Тоҷикистон
Дар нишасти Душанбе раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор мушкилоти экологии минтақа, аз ҷумла вазъи ҳавзаи баҳри Аралро баррасӣ хоҳанд кард.
2023-08-30T17:59+0500
2023-08-30T17:59+0500
2023-08-30T19:10+0500
дар тоҷикистон
баҳри арал
наҷот
роҳбарӣ
қазоқистон
наҷот додан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103013/02/1030130299_0:52:2729:1587_1920x0_80_0_0_e44849dd7817d9667c3fe18f25a0c0c2.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Роҳбарӣ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Тоҷикистон ба Қазоқистон хоҳад гузашт. Дар ин бора ноиби вазири умури хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ хабар дода, зикр намуд, ки роҳбарӣ дар Фондро ҳар се сол кишварҳо ба навбат ба ӯҳда мегиранд. Тоҷикистон роҳбарӣ дар Бунёди наҷоти Аралро аз 2020 то 2023 ба ӯҳда дошта, 3 соли минбаъда ин масъулият ба Қазоқистон вогузор мегардад. Расмиёти интиқоли роҳбарӣ дар назар аст, ки зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки нимаи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, амалӣ мегарданд. Дар ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла, мушкили ҳавзаи баҳри Арал баррасӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Содиқ Имомӣ, ҳадафи чунин ҳамоишҳо ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти наҷоти Арал мебошад. Ӯ гуфт, Бунёди наҷоти Арал дар ҳоли ҳозир платформаи муттаҳидкунандаи тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад, ки барои таҳкими ҳамкориҳо дар масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин Фонд минбаъд низ ба ҳама чолишҳое, ки минтақа дар бахши муҳити зист рӯбарӯ хоҳад шуд, посухгӯ хоҳад буд. Маврид ба зикр аст, ки раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Султон Раҳимзода гуфт, ки дар тӯли 30 соли фаъолияти пурсамари хазина қисми шимолии баҳр барқарор карда шудааст.Натиҷаҳои мусбат аз ҳисоби афзоши гузариши об аз 350 ба 700 метри мукааб ҳосил гардидааст. Раҳимзода таъкид намуд, ки ҳамаи ин имкон дод, ки вазъи экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал беҳтар гардонда шавад.
https://sputnik.tj/20230830/rektoron-kishvar-osiyoi-markazi-dushanbe-1059124867.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103013/02/1030130299_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_64a24e1e0af680d869796c4f1afc024d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбар, фонд, наҷот, арал, бунёд
роҳбар, фонд, наҷот, арал, бунёд
Тоҷикистон роҳбарӣ дар Фонди наҷоти Аралро ба кӣ месупорад?
17:59 30.08.2023 (Навсозишуда: 19:10 30.08.2023) Дар нишасти Душанбе раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор мушкилоти экологии минтақа, аз ҷумла вазъи ҳавзаи баҳри Аралро баррасӣ хоҳанд кард.
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Роҳбарӣ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Тоҷикистон ба Қазоқистон хоҳад гузашт.
Дар ин бора ноиби вазири умури хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ хабар дода, зикр намуд, ки роҳбарӣ дар Фондро ҳар се сол кишварҳо ба навбат ба ӯҳда мегиранд.
Тоҷикистон роҳбарӣ дар Бунёди наҷоти Аралро аз 2020 то 2023 ба ӯҳда дошта, 3 соли минбаъда ин масъулият ба Қазоқистон вогузор мегардад.
Расмиёти интиқоли роҳбарӣ дар назар аст, ки зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки нимаи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, амалӣ мегарданд.
Дар ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла, мушкили ҳавзаи баҳри Арал баррасӣ хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Содиқ Имомӣ, ҳадафи чунин ҳамоишҳо ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти наҷоти Арал мебошад.
Ӯ гуфт, Бунёди наҷоти Арал дар ҳоли ҳозир платформаи муттаҳидкунандаи тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад, ки барои таҳкими ҳамкориҳо дар масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин Фонд минбаъд низ ба ҳама чолишҳое, ки минтақа дар бахши муҳити зист рӯбарӯ хоҳад шуд, посухгӯ хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Султон Раҳимзода гуфт, ки дар тӯли 30 соли фаъолияти пурсамари хазина қисми шимолии баҳр барқарор карда шудааст.
Натиҷаҳои мусбат аз ҳисоби афзоши гузариши об аз 350 ба 700 метри мукааб ҳосил гардидааст. Раҳимзода таъкид намуд, ки ҳамаи ин имкон дод, ки вазъи экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал беҳтар гардонда шавад.