Ректорону вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ҷамъ меоянд

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ ва вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи мулоқоти президентҳо дар Душанбе сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Рӯзи 14 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти вазирони маориф ва ректорони донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, форуми дуюми ректорони донишгоҳҳои минтақа дар доираи вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.
Интизор меравад, ки дар баробари ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳамчунин вазирони маорифи Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намоянд.
Четвертая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Вазири тоҷик бархе тафсилоти мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳо дар Душанберо баён дошт
Мавзӯи меҳварии мулоқот - рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки вохӯрии панҷуми машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе рӯзҳои 14-15 сентябр сурат мегиранд.
Дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе имзои як баста санадҳо, аз ҷумла Эъломияи ҷамъбастӣ, созишномаҳо дар соҳаи нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасанд.
Тоҷикистон ба ин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ дида истода,масъулин бо ҳамкорон аз кишварҳои дигари минтақа дар тамос мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0