https://sputnik.tj/20230815/vazir-tojik-tafsiloti-muloqot-prezidentho-dushanbe-1058850726.html
Вазири тоҷик бархе тафсилоти мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳо дар Душанберо баён дошт
Вазири тоҷик бархе тафсилоти мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳо дар Душанберо баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо кишварҳои минтақа дар ҳамкорӣ мебошанд, то мулоқоти президентҳо дар Душанбе дар сатҳи баланд гузарад
2023-08-15T21:00+0500
2023-08-15T21:00+0500
2023-08-15T21:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
мулоқот
душанбе
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2835:1595_1920x0_80_0_0_2e94c4ea3a8816a0f1899de3dd7656e2.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе имзои як баста санадҳо, аз ҷумла Эъломияи ҷамъбастӣ, созишномаҳо дар соҳаи нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасанд. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, таъкид намуд, ки Душанбе мизбони ду чорабинии муҳим мешавад. Ӯ гуфт, вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе рӯзҳои 14-15 сентябр сурат мегиранд. Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба ин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ дида истода, бо ҳамкорон аз кишварҳои дигари минтақа дар тамос мебошанд. Вай зикр намуд, ки соли равон аз таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 30 сол пур мешавад ва ҳамоиш дар Душанбе, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷашнӣ мебошад. Вазир илова намуд, ки дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чорабиниҳои канорӣ низ дар назаранд. Дар феҳрасти чунин чорабиниҳо ӯ форумҳои иқтисодӣ, олимон, мулоқоти занони фаъол, барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи таомҳои миллии панҷ давлати минтақаро ном бурд. Сироҷиддин Муҳриддин изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои ин ду мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими минбаъдаи раванди рушди ҳамкорӣ ва пойдории амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230605/prezident-azoi-rayosat-fond-najoti-aral-1057562547.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2601:1951_1920x0_80_0_0_a4117842db2b220bf92836ace0c3e202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, президент, осиёи марказӣ, душанбе, машварат
мулоқот, президент, осиёи марказӣ, душанбе, машварат
Вазири тоҷик бархе тафсилоти мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳо дар Душанберо баён дошт
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо кишварҳои минтақа дар ҳамкорӣ мебошанд, то мулоқоти президентҳо дар Душанбе дар сатҳи баланд гузарад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе имзои як баста санадҳо, аз ҷумла Эъломияи ҷамъбастӣ, созишномаҳо дар соҳаи нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасанд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, таъкид намуд, ки Душанбе мизбони ду чорабинии муҳим мешавад.
Ӯ гуфт, вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе рӯзҳои 14-15 сентябр сурат мегиранд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба ин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ дида истода, бо ҳамкорон аз кишварҳои дигари минтақа дар тамос мебошанд.
Вай зикр намуд, ки соли равон аз таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 30 сол пур мешавад ва ҳамоиш дар Душанбе, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷашнӣ мебошад.
Вазир илова намуд, ки дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чорабиниҳои канорӣ низ дар назаранд.
Дар феҳрасти чунин чорабиниҳо ӯ форумҳои иқтисодӣ, олимон, мулоқоти занони фаъол, барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи таомҳои миллии панҷ давлати минтақаро ном бурд.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои ин ду мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими минбаъдаи раванди рушди ҳамкорӣ ва пойдории амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.