https://sputnik.tj/20230509/fazo-piruzi-sugd-tajlil-ruzi-ghalaba-khujand-video-1056973209.html
Фазои пирӯзӣ дар Суғд: Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Хуҷанд – видео
Фазои пирӯзӣ дар Суғд: Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Хуҷанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд 78 – умин солгарди Рӯзи ғалабаро бо шукӯҳ таҷлил намуданд
2023-05-09T09:05+0500
2023-05-09T09:05+0500
2023-05-09T09:28+0500
видео
суғд
рӯзи ғалаба
хуҷанд
таҷлил
намоиш
фазо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/08/1056973035_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_30cac3c83c9c1ab9ad92a0a1204bf8c2.jpg
Барои дидани мошинҳои нодир (ретро автомобил) замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва тамошои барномаи консертӣ даҳҳо сокинон ба саҳну атрофи боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд омада буданд.Аз ҷониби мубтакирони ҳамоиш барои ҳар сокини иштирокдор хуроки саҳроӣ ташкил шуд.Фирӯза Сатторова, ҳамоҳангсози барномаҳои Россотрудничество дар шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳамоиш саҳнаҳое намоиш дода мешаванд, ки дар замони ҶБВ роиҷ буданд.Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав рафт“Намоиши мошинҳои нодири замони Шӯравӣ, қироати сурудҳои ҳарбии замони ҷанг ва тақсими хурок барои аскарон ҳамагӣ тасвир карда мешаванд ва умедворем барои сокинони Суғд писанд меуфтад. Иди ғалаба як бахше аз таърихи муҳими ҳамаи мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешавад” – зикр намуд, Сатторова.Дар баробари садҳо намояндагони аҳли зиё, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва насли наврас дар маросими таҷлили 78 уми солрӯзи Рӯзи ғалаба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, сардорони идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов иштирок карда, кӯҳансарбозонро шодбош гуфтанд.Шавкат Алиев, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки соли ҷорӣ чанд куҳансарбоз ва собиқадорони ҶБВ аз кӯмакҳои молии ҳукумат бархурдор шуданд.Тоҷикистон: Нури офтоби Ғалаба дар таърихи Ленинград“Дар ҳудуди вилояти Суғд 11 нафар куҳансарбоз ва 92 коргари ақибгоҳ, ки барои ба даст овардани пирӯзӣ бар ҶБВ ҳиссаи арзишманд гузоштанд, дар қайди ҳаёт мебошанд, ки ҳодӣ ва дуогӯйанд. Ҳар яки онҳо аз ҷониби Президент ва раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷамъ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шудаанд” - гуфт, Алиев.Дар мавриди бо ғамхорӣ ва кумаки молию тиббӣ фаро гирифта шудани собиқадорони ҷангу меҳнат зикр гардид, ки соли равон ҳукумати вилояти Суғд барои қадршиносии 11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва ба 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.Ёде аз шаҳидони ҶБВ: Гулчамбаргузории мақомдорон ва таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Суғд – видеоДар маҷмӯъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд. Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудаст.Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/08/1056973035_113:0:1073:720_1920x0_80_0_0_1883b295f6c05550c15adc089db55a6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, рӯзи ғалаба, пирӯзӣ, таҷлил, намоиш, суруд,
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, рӯзи ғалаба, пирӯзӣ, таҷлил, намоиш, суруд,
Фазои пирӯзӣ дар Суғд: Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Хуҷанд – видео
09:05 09.05.2023 (Навсозишуда: 09:28 09.05.2023) Эксклюзив
Ҳукумати вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд 78 – умин солгарди Рӯзи ғалабаро бо шукӯҳ таҷлил намуданд
Барои дидани мошинҳои нодир (ретро автомобил) замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва тамошои барномаи консертӣ даҳҳо сокинон ба саҳну атрофи боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд омада буданд.
Аз ҷониби мубтакирони ҳамоиш барои ҳар сокини иштирокдор хуроки саҳроӣ ташкил шуд.
Фирӯза Сатторова, ҳамоҳангсози барномаҳои Россотрудничество дар шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳамоиш саҳнаҳое намоиш дода мешаванд, ки дар замони ҶБВ роиҷ буданд.
“Намоиши мошинҳои нодири замони Шӯравӣ, қироати сурудҳои ҳарбии замони ҷанг ва тақсими хурок барои аскарон ҳамагӣ тасвир карда мешаванд ва умедворем барои сокинони Суғд писанд меуфтад. Иди ғалаба як бахше аз таърихи муҳими ҳамаи мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешавад” – зикр намуд, Сатторова.
Дар баробари садҳо намояндагони аҳли зиё, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва насли наврас дар маросими таҷлили 78 уми солрӯзи Рӯзи ғалаба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, сардорони идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов иштирок карда, кӯҳансарбозонро шодбош гуфтанд.
Шавкат Алиев, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки соли ҷорӣ чанд куҳансарбоз ва собиқадорони ҶБВ аз кӯмакҳои молии ҳукумат бархурдор шуданд.
“Дар ҳудуди вилояти Суғд 11 нафар куҳансарбоз ва 92 коргари ақибгоҳ, ки барои ба даст овардани пирӯзӣ бар ҶБВ ҳиссаи арзишманд гузоштанд, дар қайди ҳаёт мебошанд, ки ҳодӣ ва дуогӯйанд. Ҳар яки онҳо аз ҷониби Президент ва раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷамъ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шудаанд” - гуфт, Алиев.
Дар мавриди бо ғамхорӣ ва кумаки молию тиббӣ фаро гирифта шудани собиқадорони ҷангу меҳнат зикр гардид, ки соли равон ҳукумати вилояти Суғд барои қадршиносии 11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва ба 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд. Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудаст.
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.