https://sputnik.tj/20230830/guruhi-korii-hukumati-ofati-tabii-hisor-1059127161.html
Дидори гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Ҳисор
Дидори гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор боздид кард
2023-08-30T13:59+0500
2023-08-30T13:59+0500
2023-08-30T19:27+0500
дар тоҷикистон
сел
ҳисор
офати табиӣ
оқибати офатҳои табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1e/1059126996_94:0:958:486_1920x0_80_0_0_4e15175fac49be9c9637dffa1623f25d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор дидан намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Ҳисор хабар додааст. Боздид бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сурат гирифтааст. Мақомоти ҳисор қайд кардааст, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони маҳаллӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Ёдовар мешавем, ки 27 авгуcт бар асари боронҳои пай дар пай ва шадид ба хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои шаҳри Ҳисор хисороти ҷиддии иқтисодӣ расид. Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода - ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакию Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд.Тибқи иттилои ахир борнигариҳои рӯзҳои охир, ки селу ярч дар пай доштанд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд. КҲФ хабар додааст, ки аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома доранд. Нисбатан зиёд дар боронигариҳои рӯзҳои 27 ва 28 август, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаи Рашт зарар дидаанд.
https://sputnik.tj/20230830/qurboniyon-sel-tojikiston-afzoish-1059125248.html
https://sputnik.tj/20230829/sel-kharobiovar-margbor-tojikiston-aks-1059112082.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1e/1059126996_202:0:850:486_1920x0_80_0_0_1ef4950f9db8b1a7e85a617d0e82633e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳисор, гурӯҳи ҳукуматӣ, офати табиӣ, сел, зарар, селзада
тоҷикистон, ҳисор, гурӯҳи ҳукуматӣ, офати табиӣ, сел, зарар, селзада
Дидори гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Ҳисор
13:59 30.08.2023 (Навсозишуда: 19:27 30.08.2023) Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор боздид кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор дидан намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Ҳисор хабар додааст.
Боздид бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сурат гирифтааст.
Мақомоти ҳисор қайд кардааст, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони маҳаллӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки 27 авгуcт бар асари боронҳои пай дар пай ва шадид ба хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои шаҳри Ҳисор хисороти ҷиддии иқтисодӣ расид.
Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода - ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакию Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд.
Тибқи иттилои ахир борнигариҳои рӯзҳои охир, ки селу ярч дар пай доштанд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд.
КҲФ хабар додааст, ки аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома доранд.
Нисбатан зиёд дар боронигариҳои рӯзҳои 27 ва 28 август, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаи Рашт зарар дидаанд.