https://sputnik.tj/20230830/eron-tojikiston-hamdardi-bayon-kard-1059128100.html
Эрон ба мардуми Тоҷикистон ҳамдардиашро баён кард
Эрон ба мардуми Тоҷикистон ҳамдардиашро баён кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Эрон вобаста ба ҷон бохтани теъдоде аз шаҳрвандон бар асари серхезиҳои ахир дар ҷумҳурӣ ба давлат ва миллати Тоҷикистон таслият гуфт
2023-08-30T14:58+0500
2023-08-30T14:58+0500
2023-08-30T19:23+0500
дар тоҷикистон
эрон
равобит
ҳамкорӣ
ҳамдардӣ
офати табиӣ
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_0:96:3303:1954_1920x0_80_0_0_65e6debd7ddf766b8f40c5addc35a8d1.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Давлати Эрон вобаста ба ҷонбохтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар селхезиҳои ахир дар манотиқи гуногуни кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА. Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон Носири Канъонӣ бо изҳори таассуф аз ҷонбохтани аз шаҳрвандон дар боронгариҳо ва селхезиҳои ахир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодисаи талхи табиъи ибрози ҳамдардӣ ва барои осебдидагон беҳбуд ва саломати масъалат кард.Ёдовар мешавем, ки боронгариҳои рӯзҳои охир, ки селу ярч дар пай доштанд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд. Тибқи иттилои КҲФ, аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд. Ин омор метавонад ниҳоӣ набошад, чун расонаҳои маҳаллӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои марг бар асари офати табиӣ дар навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ иттилоъ дода буданд, аммо расман ин гузоришҳо ҳанӯз таъйид нагардидаанд. Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома доранд. Нисбатан зиёд дар боронигариҳои рӯзҳои 27 ва 28 август, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаи Рашт зарар дидаанд. Барои арзёбии хисороту бартарафсозоии оқибатҳои офати табии рӯзҳои охир комиссияи вижа бо иштироки мақомдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки аз минтақаҳои осебдида боздид мекунад.
https://sputnik.tj/20230830/qurboniyon-sel-tojikiston-afzoish-1059125248.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_286:0:3017:2048_1920x0_80_0_0_7d9a03dea78da44980e494ff51895202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ҳамдардӣ, офати табиӣ, мардум, тоҷикистон, селхезӣ
эрон, ҳамдардӣ, офати табиӣ, мардум, тоҷикистон, селхезӣ
Эрон ба мардуми Тоҷикистон ҳамдардиашро баён кард
14:58 30.08.2023 (Навсозишуда: 19:23 30.08.2023) Вазорати умури хориҷаи Эрон вобаста ба ҷон бохтани теъдоде аз шаҳрвандон бар асари серхезиҳои ахир дар ҷумҳурӣ ба давлат ва миллати Тоҷикистон таслият гуфт
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Давлати Эрон вобаста ба ҷонбохтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар селхезиҳои ахир дар манотиқи гуногуни кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории
ИРНА.
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон Носири Канъонӣ бо изҳори таассуф аз ҷонбохтани аз шаҳрвандон дар боронгариҳо ва селхезиҳои ахир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодисаи талхи табиъи ибрози ҳамдардӣ ва барои осебдидагон беҳбуд ва саломати масъалат кард.
Ёдовар мешавем, ки боронгариҳои рӯзҳои охир, ки селу ярч дар пай доштанд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд.
Тибқи иттилои КҲФ, аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд.
Ин омор метавонад ниҳоӣ набошад, чун расонаҳои маҳаллӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои марг бар асари офати табиӣ дар навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ иттилоъ дода буданд, аммо расман ин гузоришҳо ҳанӯз таъйид нагардидаанд.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома доранд.
Нисбатан зиёд дар боронигариҳои рӯзҳои 27 ва 28 август, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаи Рашт зарар дидаанд.
Барои арзёбии хисороту бартарафсозоии оқибатҳои офати табии рӯзҳои охир комиссияи вижа бо иштироки мақомдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки аз минтақаҳои осебдида боздид мекунад.