https://sputnik.tj/20230823/kulvor-lavozimot-khonish-navishtorafzor-somoni-1059004966.html
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо чанд сомонист?
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо чанд сомонист?
Sputnik Тоҷикистон
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо дар Тоҷикистон дар арафаи соли нави таҳсил вобаста ба навъу сифат аз 300 то 500 сомонӣ арзиш дорад
2023-08-23T20:15+0500
2023-08-23T20:15+0500
2023-08-23T20:15+0500
дар тоҷикистон
тасвирбаён
нарх
мактаб
таҳсил
нарх
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050825174_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_0f0a5dbeb50dcb04f8871970d00e0421.png
Дар баробари сарулибоси мактабӣ хароҷот барои кӯлвор, лавозимоти хониш ва навиштафзорҳо як бахши муҳими хароҷоти буҷаҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар арафаи соли нави хониш мебошад. Харҷи хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки одатан серфарзанданду чанднафарӣ мактабхон доранд, бо наздикшавии 1 сентябр, оғози соли нави таҳсил меафзояд. Sputnik Тоҷикистон бо гузор аз бозорҳо ҳисоб кард, ки як кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо дар ҷумҳурӣ чӣ қадар нарх доранд. Нархҳо вобаста ба навъ ва сифати колои интихобкарда фарқ мекунанд. Дар Суғд қариб ҳазор олим ба донишҷӯён дарс медиҳандҲисоб карда шуд, ки дар сурати навъҳои арзонтарин ҳам зарур аст, ки барои як кӯлвори ҳомили лавозимоти хонишу навиштафзор қариби 300 сомонӣ харҷ карда шавад. Дар сурати интихоби навъҳои гаронтар ин нишондод аз ҳадди 500 сомонӣ бештар хоҳад буд. Аз ашёи зарурӣ гаронтаринаш кӯлвори мактабист, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 150 - 250 сомонӣ арзиш дорад. Инчунин, қаламдон то 50 сомонӣ, рӯзнома то 20 сомонӣ, хаткаш то 5 сомонӣ, дафтар то 3 сомонӣ ва қаламтарошаку хаткӯркунак бо нархи то 5 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Одатан дар Тоҷикистон дар арафаи соли нави хониш ярмаркаҳои мактабиро баргузор мекунанд, ки ба иттилои мақомот нархҳо дар он нисбатан арзон мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050825174_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_8a63a4dd0a6d6013cc354ca69a893802.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арзиш, нарх, кӯлвор, сомонӣ, хониш, навишт
арзиш, нарх, кӯлвор, сомонӣ, хониш, навишт
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо чанд сомонист?
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо дар Тоҷикистон дар арафаи соли нави таҳсил вобаста ба навъу сифат аз 300 то 500 сомонӣ арзиш дорад
Дар баробари сарулибоси мактабӣ хароҷот барои кӯлвор, лавозимоти хониш ва навиштафзорҳо як бахши муҳими хароҷоти буҷаҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар арафаи соли нави хониш мебошад.
Харҷи хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки одатан серфарзанданду чанднафарӣ мактабхон доранд, бо наздикшавии 1 сентябр, оғози соли нави таҳсил меафзояд.
Sputnik Тоҷикистон бо гузор аз бозорҳо ҳисоб кард, ки як кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо дар ҷумҳурӣ чӣ қадар нарх доранд. Нархҳо вобаста ба навъ ва сифати колои интихобкарда фарқ мекунанд.
Ҳисоб карда шуд, ки дар сурати навъҳои арзонтарин ҳам зарур аст, ки барои як кӯлвори ҳомили лавозимоти хонишу навиштафзор қариби 300 сомонӣ харҷ карда шавад. Дар сурати интихоби навъҳои гаронтар ин нишондод аз ҳадди 500 сомонӣ бештар хоҳад буд.
Аз ашёи зарурӣ гаронтаринаш кӯлвори мактабист, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 150 - 250 сомонӣ арзиш дорад. Инчунин, қаламдон то 50 сомонӣ, рӯзнома то 20 сомонӣ, хаткаш то 5 сомонӣ, дафтар то 3 сомонӣ ва қаламтарошаку хаткӯркунак бо нархи то 5 сомонӣ фурӯхта мешаванд.
Одатан дар Тоҷикистон дар арафаи соли нави хониш ярмаркаҳои мактабиро баргузор мекунанд, ки ба иттилои мақомот нархҳо дар он нисбатан арзон мебошанд.