“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба мардуми арабзабон дастрас шуд

© акс аз бойгонии Ҳабиб ҲамидзодаКитоби "Тоҷикон"-и фарсуда, ки муҳаққиқи ҷавон дар Афғонистон пайдо кардааст
Китоби Тоҷикон-и фарсуда, ки муҳаққиқи ҷавон дар Афғонистон пайдо кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Интишороти Буалии шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия асари академики тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо номи “ Тоҷикон ”- ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ мунташир кард
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Китоб зери назари Назруллоҳи Назар, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон анҷом шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар”.
Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки китобро адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ баргардонидааст.
Бояд қайд кард, ки тарҷумаи осори як силсила адибони бузурги Русия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон ба забони арабӣ ба қалами доктор Иброҳим Истанбулӣ тааллуқ дорад.
Чопи ин китоб иқдоми хуб барои хонандаи араб аст, ки бо таърихи тоҷикон шиносоӣ пайдо намояд.
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Нигоҳдории 16 миллион нусха китоб дар китобхонаҳои Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси раисҷумҳури Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд.
Ҳамзамон, маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти китоби "Тоҷикон" ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.
Лентаи хабарҳо
0