https://sputnik.tj/20230829/ramazon-rahimzoda-maskav-muhojiron-barrasi-1059102519.html
Рамазон Раҳимзода дар Маскав: Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ мешавад?
Рамазон Раҳимзода дар Маскав: Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар бинои сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия баргузор шуд
2023-08-29T11:49+0500
2023-08-29T11:49+0500
2023-08-29T13:26+0500
дар тоҷикистон
маскав
рамазон раҳимзода
мулоқот
муҳоҷират
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059102082_0:19:2048:1171_1920x0_80_0_0_b32ee0a82ed92794b52c8ae1711e7846.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар бинои Сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Маскав қарор дорад, бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, баргузор гардид. Бино бар иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон, дар ин мулоқот намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими Русия иштирок доштанд.Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт.Вазири корҳои дохила аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо барои тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин - тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват кард.Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқоти мазкур ҳамзамон кормандони Сафорат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат иштирок доштанд.
https://sputnik.tj/20230713/namoyandagi-markazi-muhojirat-khatlon-1058254046.html
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059102082_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_fb8ec1f2efd0764dca162027b0559ec2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рамазон раҳимзода, муҳоҷират, маскав, сафар, сафорат, мулоқот, ҷамъият, тоҷикон
тоҷикистон, рамазон раҳимзода, муҳоҷират, маскав, сафар, сафорат, мулоқот, ҷамъият, тоҷикон
Рамазон Раҳимзода дар Маскав: Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ мешавад?
11:49 29.08.2023 (Навсозишуда: 13:26 29.08.2023) Ахиран дар бинои сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар бинои Сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Маскав қарор дорад, бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон, дар ин мулоқот намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими Русия иштирок доштанд.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Вазири корҳои дохила аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо барои тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин - тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқоти мазкур ҳамзамон кормандони Сафорат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат иштирок доштанд.