Имрон Хон аз маҳбас озод шуд

© РИА НовостиИмран Хан
Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Яке аз вакилони мудофеи пешвои мухолифини Покистон таъкид кард, ки Имрон Хон, нахуствазири пешин, бо пардохти гарав аз зиндон озод шуд
ДУШАНБЕ, 29 авг - Sputnik. Додгоҳи олии Исломобод нахуствазири собиқи Покистон Имрон Хонро бо пардохти гарав аз зиндон озод кард, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ.
Гуфта мешавад, ки Додгоҳи олии Исломобод шикоятро баррасӣ ва ҳукми додгоҳро ба мавқуф гузоштааст.
Наим Панҷута, вакили мудофеи Имрон Хон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: "Додраси аслӣ дархости моро пазируфт, аммо вай таъкид кард, ки тасмими муфассал баъдан қабул хоҳад шуд."
Вакили дигари пешвои мухолифини ҳукумати Покистон гуфт, Хон бояд бар ивази гарав озод карда шавад.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Имрон Хон боз гарав доду аз ҳабс халос шуд
"Гузашта аз ин, вакилони мудофеи Хон ба додгоҳ шикоят бурданд ва аз мақомоти Покистон талаб кардаанд, ки аз "боздошти ғайриқонунӣ ва беасос"-и нахуствазири собиқ ва аз ҳама гуна парванда, ки алайҳи ӯ эъзом мешавад, ҷилавгирӣ кунанд", - навиштаанд расонаҳои маҳаллӣ.
Ёдовар мешавем, ки иттиҳом алайҳи сарвазири собиқи Покистон Имрон Хон дар қаллобӣ ва сохтакорӣ бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2022 эълон шуда буд.
Қаблан дар моҳи майи соли 2023 Имрон Хон барои 8 рӯз дар ҳабс гирифта шуд. Аммо баъдан Додгоҳи олии Покистон боздошти ӯро ғайриқонунӣ эълон кард, ва сиёсатмадор озод карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0