https://sputnik.tj/20230523/imron-khon-garav-habs-khalos-1057310886.html
Имрон Хон боз гарав доду аз ҳабс халос шуд
Имрон Хон боз гарав доду аз ҳабс халос шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ дар шаҳри Исломобод қарор кардааст, ки маъмурини пулис то муддати муайян аз талошҳо барои ҳабси собиқ сарвазири ин кишвар худдорӣ кунанд
2023-05-23T17:40+0500
2023-05-23T17:40+0500
2023-05-23T17:40+0500
дар ҷаҳон
покистон
сиёсат
шикоят ба додгоҳ
озод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045843599_0:571:2048:1723_1920x0_80_0_0_432f6b90b1fcf1c8c6a3f37e05f524d0.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Додгоҳ ҳабси нахуствазири Покистон, Имрон Хонро то 8 июн ба таъхир гузошт, иттилоъ доданд расонаҳои ин кишвар. Ба иттилои манбаъ, тасмими мавқуф гузоштани ҳабси собиқ сарвазир дар ҳузури ӯ эълон шудааст. Вай дар додгоҳ ҳозир шуд ва барои раҳоӣ аз ҳабс гаравпулӣ дод, менависад рӯзномаи Dawn. Сиёсатмадор дар ҳамла ба кормандони нерӯҳои амниятӣ ҳангоми боздошташ дар бинои додгоҳ муттаҳам мешавад. Илова бар ин, собиқ сарвазирро дар тасарруфи пули давлат ва фасод гунаҳкор медонанд. Имрон Хон аз толори додгоҳ ба шаҳри Равалпиндӣ рафта, дар он ҷо ба суоли муфаттишон посух хоҳад дод. Собиқ сарвазирро аввали моҳи май ба ҳасб гирифтанд. Пас аз боздошти ӯ ҳизби "Таҳрики Инсоф" аз тарафдорони собиқ сарвазир даъват намуд, ки ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд кунанд ва даст ба тазоҳурот зананд.Пас аз боздошти сарвазири собиқ Имрон Хон дар Покистон ошӯб ба амал омад. Ба гузориши расонаҳои Покистон, маъмурони интизомӣ дар Қарочӣ, Лоҳур ва Файсалобод алайҳи издиҳом аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардаанд.Дар Исломобод ва Пешовар ҷонибдорони сарвазири собиқ кӯчаҳоро бастаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин шаҳрҳо эътирозгарон мошинҳои пулисро оташ зада, ба моликияти давлат осеб расонидаанд.Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти Покистон алайҳи Хон, ҳамсари ӯ ва раҳбарони ҳизби "Таҳрики Инсоф", ки ба гуфтаи муфаттишон, барои таъсиси "Донишгоҳи Ал-Қодир" траст таъсис дода, ба хазинаи давлат 50 млрд рупия хисорот ворид кардаанд, таҳқиқ оғоз карда буд.
https://sputnik.tj/20230510/avj-benazmi-pokiston-imron-kon-1057004801.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045843599_0:379:2048:1915_1920x0_80_0_0_53ec7b976ff2eee8308bc2468fa19bdc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳ, покистон, исломобод, қарор, ҳабс
додгоҳ, покистон, исломобод, қарор, ҳабс
Имрон Хон боз гарав доду аз ҳабс халос шуд
Додгоҳ дар шаҳри Исломобод қарор кардааст, ки маъмурини пулис то муддати муайян аз талошҳо барои ҳабси собиқ сарвазири ин кишвар худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Додгоҳ ҳабси нахуствазири Покистон, Имрон Хонро то 8 июн ба таъхир гузошт, иттилоъ доданд расонаҳои ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, тасмими мавқуф гузоштани ҳабси собиқ сарвазир дар ҳузури ӯ эълон шудааст. Вай дар додгоҳ ҳозир шуд ва барои раҳоӣ аз ҳабс гаравпулӣ дод, менависад рӯзномаи Dawn.
Сиёсатмадор дар ҳамла ба кормандони нерӯҳои амниятӣ ҳангоми боздошташ дар бинои додгоҳ муттаҳам мешавад. Илова бар ин, собиқ сарвазирро дар тасарруфи пули давлат ва фасод гунаҳкор медонанд.
Имрон Хон аз толори додгоҳ ба шаҳри Равалпиндӣ рафта, дар он ҷо ба суоли муфаттишон посух хоҳад дод.
Собиқ сарвазирро аввали моҳи май ба ҳасб гирифтанд. Пас аз боздошти ӯ ҳизби "Таҳрики Инсоф" аз тарафдорони собиқ сарвазир даъват намуд, ки ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд кунанд ва даст ба тазоҳурот зананд.
Пас аз боздошти сарвазири собиқ Имрон Хон дар Покистон ошӯб ба амал омад. Ба гузориши расонаҳои Покистон, маъмурони интизомӣ дар Қарочӣ, Лоҳур ва Файсалобод алайҳи издиҳом аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардаанд.
Дар Исломобод ва Пешовар ҷонибдорони сарвазири собиқ кӯчаҳоро бастаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин шаҳрҳо эътирозгарон мошинҳои пулисро оташ зада, ба моликияти давлат осеб расонидаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти Покистон алайҳи Хон, ҳамсари ӯ ва раҳбарони ҳизби "Таҳрики Инсоф", ки ба гуфтаи муфаттишон, барои таъсиси "Донишгоҳи Ал-Қодир" траст таъсис дода, ба хазинаи давлат 50 млрд рупия хисорот ворид кардаанд, таҳқиқ оғоз карда буд.