Даъват аз сармоягузорони рус барои вуруд ба бозори чарму пойафзол дар Тоҷикистон

© Мэрия города ИсфарыВ Исфаре открылась обувная фабрика
В Исфаре открылась обувная фабрика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ гуфт, сармоягузорони рус то ҳол вақт доранд, ки дар саноати чарму пойафзол дар Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ёбанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ҳамгироии тиҷорати Русия ба саноати чарму пойафзоли Тоҷикистон муҳим аст.
Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ Евгений Коренков изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ин изҳорот дар чаҳорчӯби анҷумани саноати чарму пойафзоли кишварҳои ИДМ ва СҲШ дар Маскав садо дод.
Аввал мутахассис дар бораи иқтидори мамлакат сухан ронд.

"Тоҷикистон захираи зиёди ашёи хоми пуст - қариб 8 миллион cap чорвои калони шохдор ва чорвои майда дорад", — гуфт у.

Баъд аз он Коренков дар бораи вазъи ин бахш дар Тоҷикистон маълумоти муътадили оморӣ дод.
"Дар мамлакат танҳо 9 корхонаи тахассуси коркарди ашёи хом кор мекунад", - гуфт, намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумхурӣ.
Дар хотима ӯ қайд қард, ки "сармоягузорони рус то ҳол имкон доранд, ки ин бозорро ишғол намоянд".
Дар Маркази ҷаҳонии савдои Маскав намоишгоҳи байналмилалии чаҳоррӯзаи B2B, аз қабили пойафзол, сумка, лавозимот, чарм ва лавозимоти MosShoes оғоз шуд.
Дар он зиёда аз 200 истеҳсолкунанда аз Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон ва кишварҳои ИДМ ширкат доштанд.
Эмомали Рахмон открыл новые цеха на заводе в Яване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Идомаи сафари Раҳмон дар Хоруғ: корхонаҳои пойафзолу коркарди санг боз шуд
Дар он ҷо мутахассисони соҳа ва намояндагони ҳукумат вазъияти саноати чарму пойафзоли мамлакатҳои аъзои ИДМ-ро муҳокима карданд.
Ғайр аз ин, дурнамои муттаҳидсозии саноат дар доираи ассотсиатсияи давлатҳо, тадбирҳои дастгирии соҳа ва самаранокии онҳо, аҳамияти такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ баррасӣ карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0