https://sputnik.tj/20230817/idoma-safar-rahmon-khorugh-korkhona-poyafzol-sang-boz-1058871048.html
Идомаи сафари Раҳмон дар Хоруғ: корхонаҳои пойафзолу коркарди санг боз шуд
Идомаи сафари Раҳмон дар Хоруғ: корхонаҳои пойафзолу коркарди санг боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони ВМКБ даъват кард, ки истеҳсолот дар бахши саноатро рушд дода, корхонаҳои бештар бунёд кунанд
2023-08-17T11:01+0500
2023-08-17T11:01+0500
2023-08-17T18:39+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102667/95/1026679577_0:0:4108:2311_1920x0_80_0_0_60c51a5f748b560984770e304bfccdcb.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози рӯзи сеюми сафараш ба ВМКБ аз ҶДММ "Суман" боздид карда, бо ҷараёни кори он ошно шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар гузориш медиҳанд.Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосири саноатӣ ба истеҳсоли сангҳои бинокорӣ ва ороишӣ машғул аст. Ҳамин тариқ, "Суман" 8 намуди санги “Гранит”, 2 намуди санги “Сланес”, 2 навъи “Офикалсит” ва 3 намуди санги “Мармар”-ро коркард мекунад. Гуфта мешавад, ки бо мақсади рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёди 4 корхонаи дигар дар назар аст.Илова бар ин, роҳбари кишвар корхонаи пойафзолбарории "Сандал"-ро боз кард, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев сохта шуда, таҳти унвони “ЯК” маҳсулот истеҳсол мекунад.Таъкид мешавад, ки барои истеҳсоли босифати пойафзоли “ЯК” ашёи хом аз Туркия ворид гардида, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад. “Сандал” дар шаҳри Хоруғ ягона корхонаи истеҳсоли пойафзол мебошад, ки бо дизайну махсусиятҳои хоса ба фаъолият пардохтааст.Раҳмон дар Хоруғ: идомаи сафари президент дар ВМКБЭмомалӣ Раҳмон дар пайи боздидҳо ба масъулин дастур додааст, ки шумори корхонаҳои саноатиеро, ки ашёи хоми маҳаллиро пурра коркард ва маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд, зиёд кунанд. Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102667/95/1026679577_133:0:3778:2734_1920x0_80_0_0_570787dbe42df059e32d9797ccf21abc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар раҳмон хоруғ корхона пойафзол коркард санг
сафар раҳмон хоруғ корхона пойафзол коркард санг
Идомаи сафари Раҳмон дар Хоруғ: корхонаҳои пойафзолу коркарди санг боз шуд
11:01 17.08.2023 (Навсозишуда: 18:39 17.08.2023) Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони ВМКБ даъват кард, ки истеҳсолот дар бахши саноатро рушд дода, корхонаҳои бештар бунёд кунанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози рӯзи сеюми сафараш ба ВМКБ аз ҶДММ "Суман" боздид карда, бо ҷараёни кори он ошно шуд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар гузориш медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосири саноатӣ ба истеҳсоли сангҳои бинокорӣ ва ороишӣ машғул аст.
"Дар ҳоле ки корҳои сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ босуръат ҷараён доранд, талабот ба ин маҳсулот ҳам дар минтақа ва ҳам дар саросари ҷумҳурӣ зиёд аст", - таъкид намуд манбаъ.
Ҳамин тариқ, "Суман" 8 намуди санги “Гранит”, 2 намуди санги “Сланес”, 2 навъи “Офикалсит” ва 3 намуди санги “Мармар”-ро коркард мекунад.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёди 4 корхонаи дигар дар назар аст.
Илова бар ин, роҳбари кишвар корхонаи пойафзолбарории "Сандал"-ро боз кард, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев сохта шуда, таҳти унвони “ЯК” маҳсулот истеҳсол мекунад.
Таъкид мешавад, ки барои истеҳсоли босифати пойафзоли “ЯК” ашёи хом аз Туркия ворид гардида, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад.
“Сандал” дар шаҳри Хоруғ ягона корхонаи истеҳсоли пойафзол мебошад, ки бо дизайну махсусиятҳои хоса ба фаъолият пардохтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи боздидҳо ба масъулин дастур додааст, ки шумори корхонаҳои саноатиеро, ки ашёи хоми маҳаллиро пурра коркард ва маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд, зиёд кунанд.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад.