Толибон ба Ӯзбекистон: содироти барқро ба Афғонистон афзоиш диҳед

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи, архивное фото
Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Муовини сиёсии Вазорати хориҷаи ҳукумати толибон аз Тошканд хостааст, ки содироти барқ аз Ӯзбакистон ба Афғонистонро афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Муовини сиёсии Вазорати хориҷаи давлати толибон Шермуҳаммад Абосистанкзай, дар гуфтугӯ бо намояндаи вижа Ӯзбекистон дар умури Афғонистон Исматуллоҳ Эргашов, дар бораи афзоиши содироти барқи Ӯзбекистон ба Афғонисон таъкид кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Ин дархост дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар пойтахт Афғонистон ва 11 вилояти ин кишвар норасоии шадиди барқ ба назар мерасад.
Абосистанкзай дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба мушкилоти шаҳрвандони Кобул ва бархе вилоятҳои Афғонистон ба далели коҳиши содироти барқи Ӯзбекистон хостори афзоиши содироти барқ ба ин кишвар шуд.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Фаро хондани волӣ ва фармондеҳи амнияти толибон барои Панҷшер аз сӯи роҳбарони гурӯҳ
Муовини сиёсии Вазорати хориҷаи ҳукумати толибон ҳамчунин аз давлати Ӯзбекистон хостааст, ки мизони содироти барқи худ ба Афғонистонро ба сатҳи тавофуқи ду тараф афзоиш диҳад.
Намояндаи вижаи Ӯзбекистон дар умури Афғонисон низ гуф, ки коҳиши содироти барқ ба Афғонистон ба далели камбуди барқ дар Ӯзбекисон ва мушкилоти фанни ба далели сармои ҳаво сурат гирифт ва ин камбуд дар оянда рафъ хоҳад шуд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки ин рузҳо мардум дар Кобул ва 11 вилояти Афғонистон ба далели коҳиши барқи Ӯзбекистон дар шабонарӯз камтар аз се соат барқ доранд.
Лентаи хабарҳо
0