https://sputnik.tj/20230828/saad-marzi-tojikiston-afghoniston-1059089555.html
СААД ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ дорад
СААД ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоҳангсозии асноди Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди таҷҳизонидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар арафаи анҷомёбист
2023-08-28T14:57+0500
2023-08-28T14:57+0500
2023-08-28T19:53+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
саад
марз
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Муҷаҳҳазгардонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли баррасист. Ин нуктаро сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангсозии асноди СААД миёни кишварҳои узви созмон, дар бораи муҷаҳҳазсозии марзи ҷанубӣ дар арафаи анҷомёбист. "Масъалаи муҷаҳҳазсозии қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда, аснод тақрибан то ба охир мувофиқа шудааст. Вақте ки қарор қабул мешавад, итминон дорам, ки корҳо зудтар амалӣ хоҳанд шуд", - гуфт генерал. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад.Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад.Қаблан Сидоров таъкид намуда буд, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад. Сидоров таъкид намуда буд, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад.
https://sputnik.tj/20230725/saad-bartarafsozii-oqibat-sadamai-hastai-tamrin-1058437081.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерал, рус, марз, тоҷикистон, афғонистон, ҳифз, таҳким
генерал, рус, марз, тоҷикистон, афғонистон, ҳифз, таҳким
СААД ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ дорад
14:57 28.08.2023 (Навсозишуда: 19:53 28.08.2023) Ҳамоҳангсозии асноди Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди таҷҳизонидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар арафаи анҷомёбист
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Муҷаҳҳазгардонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли баррасист.
Ин нуктаро сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангсозии асноди СААД миёни кишварҳои узви созмон, дар бораи муҷаҳҳазсозии марзи ҷанубӣ дар арафаи анҷомёбист.
"Масъалаи муҷаҳҳазсозии қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда, аснод тақрибан то ба охир мувофиқа шудааст. Вақте ки қарор қабул мешавад, итминон дорам, ки корҳо зудтар амалӣ хоҳанд шуд", - гуфт генерал.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад.
Қаблан Сидоров таъкид намуда буд, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад.
Сидоров таъкид намуда буд, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад.