СААД бартарафсозии оқибати садамаи ҳастаиро тамрин мекунанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСотрудники МЧС РФ проводят дезинфекцию
Сотрудники МЧС РФ проводят дезинфекцию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагони кишварҳои узви СААД вокуниши муштарак ба садамаҳои ҳастаӣ ва корҳои наҷот дар бинову иншооти харобшударо тамрин мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Белорусия мизбони тамринҳои воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мегардад.
Дар ин бора вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Белорус, Вадим Синявский иттилоъ дода, афзуд, ки имдодгарони кишварҳои узви созмон ҳамчунин вокуниш ба садама дар иншооти ҳастаиро тамрин мекунанд.
Ин тамрини муштарак таҳти унвони "Куҳ - 2023" дар вилояти Минск баргузор мешаванд. Замони баргузории тамринҳои муштараки имдодгарони кишварҳои узви Созмони Аҳдноми Амнияти Дастаҷамъӣ авоили моҳи сентябр муайян шудааст.
Синявский таъкид кард, ки мавзӯи машқҳо садама дар як иншооти ҳастаӣ бо ҷалб ва истиқрори нерӯҳои ҳолатҳои изтирории СААД ва вазорати ҳолатҳои изтирории Беларус хоҳад буд.
Таджикистан-Афганистан граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Вазирони СААД масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Қарор аст, якҷоя чораҳои вокуниш ба садамаҳои радиатсионӣ, инчунин корҳои наҷотдиҳӣ дар бинову иншоотҳои харобшуда коркард гарданд.
Вазири ҳолатҳои изтирорӣ афзуд, ки масъалаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия, мақомоти низомӣ ва як қатор вазифаҳои дигар низ аз худ карда мешаванд.
Марҳилаи фаъоли машқҳо дар заминаи филиали Донишгоҳи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар вилояти Минск сурат гирифтааст.
Асоси машқҳоро таҳияи ҳам унсурҳои муассири вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳам қабули қарорҳои идорӣ ташкил медиҳад, таъкид намудаст вазир.
Лентаи хабарҳо
0