https://sputnik.tj/20230828/mashq-spad-nizomi-jalb-1059092905.html
Дар машқҳои СПАД то 3,7 ҳазор низомӣ ҷалб карда мешавад
Дар машқҳои СПАД то 3,7 ҳазор низомӣ ҷалб карда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Чорабиниҳо барои интиқоли нирӯҳо ба минтақаҳои машқ аз 25 август ва марҳилаҳои ниҳоӣ дар Беларус 6 сентябр баргузор мешаванд
2023-08-28T17:59+0500
2023-08-28T17:59+0500
2023-08-28T19:43+0500
саад
спад
машқҳои низомӣ
белорус
низомиён
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/69/1030636936_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_73dca584ebfe820cf4b5c83ca3b6ce91.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Кишварҳои узви СПАД омодагиҳо ба тамринҳои муштаракро анҷом доданд. Дар ин бора раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Анатолий Сидоров дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод. Гуфта мешавад, ки ба размоишҳои муштарак ва вижаи кишварҳои узви ин созмон то 3,7 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд. Беш аз 2,5 ҳазор нафар низомиён, дар тамринҳои низомӣ дар Беларус ширкат кунанд.Илова бар ин, дар тамринҳо то 700 намуди аслиҳа, техникаҳои низомӣ ва махсус дар марҳилаҳои гуногун ва беш аз 500 намуд дар машқҳо дар қаламрави Беларус истифода мешаванд.Чорабиниҳои барои интиқоли нерӯҳо ба минтақаҳои баргузории машқҳо аз 25 август, чорабиниҳои ниҳоӣ дар Белорус 6 сентябр ва 13 октябр бошад дар Қирғизистон баргузор мешаванд.Низомиён ва техника ба размоишгоҳҳо тавассути ҳавопаймоҳо, қаторҳо ва наклиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд. Оқои Сидоров изҳори умедворӣ кард, ки машқҳо муташаккилона ва бо сифати баланд гузаронида шуда, ҳадафҳои омӯзишиву тадқиқот ба мақсад мерасанд ва нерӯҳои СПАД маҳорати хуби саҳроӣ ва ҳамоҳангӣ нишон хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20230608/lukashenko-strategiyai-nav-spad-1057622840.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/69/1030636936_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_7fb1c3bb34b74b3de4a3922367ec5692.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад, нерӯҳо, низомӣ, белорус, машқ, размоиш, саад
спад, нерӯҳо, низомӣ, белорус, машқ, размоиш, саад
Дар машқҳои СПАД то 3,7 ҳазор низомӣ ҷалб карда мешавад
17:59 28.08.2023 (Навсозишуда: 19:43 28.08.2023) Чорабиниҳо барои интиқоли нирӯҳо ба минтақаҳои машқ аз 25 август ва марҳилаҳои ниҳоӣ дар Беларус 6 сентябр баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Кишварҳои узви СПАД омодагиҳо ба тамринҳои муштаракро анҷом доданд.
Дар ин бора раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Анатолий Сидоров дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ба размоишҳои муштарак ва вижаи кишварҳои узви ин созмон то 3,7 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд. Беш аз 2,5 ҳазор нафар низомиён, дар тамринҳои низомӣ дар Беларус ширкат кунанд.
Илова бар ин, дар тамринҳо то 700 намуди аслиҳа, техникаҳои низомӣ ва махсус дар марҳилаҳои гуногун ва беш аз 500 намуд дар машқҳо дар қаламрави Беларус истифода мешаванд.
Чорабиниҳои барои интиқоли нерӯҳо ба минтақаҳои баргузории машқҳо аз 25 август, чорабиниҳои ниҳоӣ дар Белорус 6 сентябр ва 13 октябр бошад дар Қирғизистон баргузор мешаванд.
Низомиён ва техника ба размоишгоҳҳо тавассути ҳавопаймоҳо, қаторҳо ва наклиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.
Оқои Сидоров изҳори умедворӣ кард, ки машқҳо муташаккилона ва бо сифати баланд гузаронида шуда, ҳадафҳои омӯзишиву тадқиқот ба мақсад мерасанд ва нерӯҳои СПАД маҳорати хуби саҳроӣ ва ҳамоҳангӣ нишон хоҳанд дод.