Ҷабҳаи муқовимат: Ҳеҷ музокироте бо Толибон* надоштем

© AP / Ebrahim NorooziБоевики движения "Талибан" на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ахиран баргузории ҳар гуна музокирот дар бораи оташбас бо гурӯҳи толибонро* рад кард
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабари музокиот бо гурӯҳи толибонро рад кард.
Як манбаъ аз ҷабаҳи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷабҳа ҳеҷ як ҳайаташро барои музокирот бо толибон* нафиристодааст ва аз тарафи Аҳмади Масъуд раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳеҷ тавофуқ барои оташбас бо ҳукумати Толибон нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки дар пайи як музокирот ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Толибон ду тараф ба таври мувақат бар парҳез аз даргирии низомӣ тавофуқ карданд.
Гуфта шуда буд, ки дар ин нишаст толибон* бо нмояндагии як ҳайати шашнафара бо раҳбарии Муҳаммадмуҳсини Шоҳимӣ муовини бахши иттилоъот, ки як ҳайати 12 нафарии тарафдорони Аҳмади Масъуд ба раҳбарии Муҳаммадалмоси Зоҳид гуфтугӯ карданд.
Боец движения Талибан проходит мимо кабульского салона красоты с изображениями женщин, лица которых закрашены аэрозольной краской, 2021 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Мақоми толибон*: расонаҳо иҷозаи нашри матолиби хилофи ислом ва манофеи миллӣ надорад
Толибон* иддао доранд, ки дар ин музокирот хоҳони ҳалли масъалаи Панҷшер шуданд, аммо неруҳои мухолиф ба раҳбарии Аҳмади Масъуд мехоҳанд, ки дар бораи сохтори низоми оянда бо Толибон гуфтугу кунанд.
Дар ин замина Аҳмади Масъуд пештар гуфта буд, ки агар ҳукумати фарогир ва мавриди қабули барои тамоми тарафҳо дар Афғонистон ташкил нашавад ин кишвар ба лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ мунзави хоҳад шуд.
* - созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0