https://sputnik.tj/20230826/maqomi-tolibon-rasonaho-ijozai-islom-manofei-milli-1059061041.html
Мақоми толибон*: расонаҳо иҷозаи нашри матолиби хилофи ислом ва манофеи миллӣ надорад
Мақоми толибон*: расонаҳо иҷозаи нашри матолиби хилофи ислом ва манофеи миллӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* гуфт, мақомот ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳад изоҳан оммаро мағшуш ва матолиби хилоф ба арзишҳои исломӣ интишор кунад
2023-08-26T15:49+0500
2023-08-26T15:49+0500
2023-08-26T15:49+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
матолиб
нашр
расонаҳо
толибон
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054121006_0:0:3021:1700_1920x0_80_0_0_59b5b2ba3a6798721951a035e9eb81e4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* Ҳаётуллоҳ Муҳоҷир Фароҳӣ дар нишасте дар вилояти Нангарҳори афзуд, ки аз расонаҳои инъикосдиҳанда ҳақоиқ ба сурати ҷаддӣ ҳимоят мекунем, аммо иҷоза намедиҳем матолиби хилофи арзишҳои исломӣ ва манофеи миллӣ дар расонаҳо мунташир шавад.Вай ҳукумати толибонро низоми бархеста аз матн мардум хонд ва афзуд, ки бояд барои ҳифзу тақвияти ин низом ба таври муштарак кор кунанд, зеро аморати исломӣ бо қурбониҳо ва фидокориҳои зиёде бар сари кор омадааст.Ин мақомдори ҳукумати толибон* дар ин нишаст инчунин гуфт, ки дар бист соли гузашта, ишғолгарон дар Афғонистон муртакиби ҷиноятҳои мухталиф шуданд ва акнун ҳам талош доранд то дар баробари низоми исломӣ, мавонеъи эҷод ва таблиғот кунанд.Вай афзуд, ин масъуляти афғонҳост то дар канори низомашон истанд ва аз он ҳимоят кунанд.Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* аз барномарезии вазорати таҳсилоти олии толибон* барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи мутахассисон аз Афғонистон хабар дод ва изофа кард, ки неруҳои таҳсил карда ва мутахассис дар бахшҳои мухталифи низоми Иморати исломӣ ба кор гирифта хоҳанд шуд.*- созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20230822/bozdosht-ruznomanigor-eron-tolib-afghoniston-1058981178.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054121006_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_0dd5bdbc07265178113e0d089757bb87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, иҷоза, нашр, матолиб, хилофи ислом, фарҳанг, иҷоза
афғонистон, толибон, иҷоза, нашр, матолиб, хилофи ислом, фарҳанг, иҷоза
Мақоми толибон*: расонаҳо иҷозаи нашри матолиби хилофи ислом ва манофеи миллӣ надорад
Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* гуфт, мақомот ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳад изоҳан оммаро мағшуш ва матолиби хилоф ба арзишҳои исломӣ интишор кунад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* Ҳаётуллоҳ Муҳоҷир Фароҳӣ дар нишасте дар вилояти Нангарҳори афзуд, ки аз расонаҳои инъикосдиҳанда ҳақоиқ ба сурати ҷаддӣ ҳимоят мекунем, аммо иҷоза намедиҳем матолиби хилофи арзишҳои исломӣ ва манофеи миллӣ дар расонаҳо мунташир шавад.
Вай ҳукумати толибонро низоми бархеста аз матн мардум хонд ва афзуд, ки бояд барои ҳифзу тақвияти ин низом ба таври муштарак кор кунанд, зеро аморати исломӣ бо қурбониҳо ва фидокориҳои зиёде бар сари кор омадааст.
Ин мақомдори ҳукумати толибон* дар ин нишаст инчунин гуфт, ки дар бист соли гузашта, ишғолгарон дар Афғонистон муртакиби ҷиноятҳои мухталиф шуданд ва акнун ҳам талош доранд то дар баробари низоми исломӣ, мавонеъи эҷод ва таблиғот кунанд.
Вай афзуд, ин масъуляти афғонҳост то дар канори низомашон истанд ва аз он ҳимоят кунанд.
Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* аз барномарезии вазорати таҳсилоти олии толибон* барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи мутахассисон аз Афғонистон хабар дод ва изофа кард, ки неруҳои таҳсил карда ва мутахассис дар бахшҳои мухталифи низоми Иморати исломӣ ба кор гирифта хоҳанд шуд.
*- созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад