Ҳавошиносон гуфтанд, Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст

CC0 / Pxhere / Молния, архивное фото
Молния, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда боқӣ монда, баробари боронигариҳо дар бархе баландкӯҳҳо эҳтимол барф борад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ-ро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 3,3 ҳазор метр эҳтимоли барфрезӣ мавҷуд аст.
Шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд, ҳушдор додаанд ҳавошиносон.
Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд низ борони бошиддат бо раъду барқ ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 2,5 ҳазор метр эҳтимоли барфрезӣ мавҷуд аст. Ағбаҳоро тормеғ фаро мегирад.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Последствия ливней в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Масири Душанбе-Хуҷанд боз аст: КҲФ гуфт 15 мошин зери лой монд
Навоҳоии Хатлонро борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, шабона ва саҳаргоҳон бориши бошиддат интизор аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм дар назар мебошад.
Шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борони бошиддат ва раъду барқ ва дар ағбаҳо тормеғ пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм дар назар мебошад.
Дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, шабона дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ва раъду барқ сурат гирифта, ҳарорат шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+27 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар пасманзари боронигариҳои маргбори охир дар Тоҷкистон ҳавошиносон ва имдодгарон аз шаҳрвандон даъват доранд, ки эҳтиёткор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0