https://sputnik.tj/20230828/masir-dushanbe-khujand-basta-sharh-khf-1059078064.html
Масири Душанбе-Хуҷанд боз аст: КҲФ гуфт 15 мошин зери лой монд
Масири Душанбе-Хуҷанд боз аст: КҲФ гуфт 15 мошин зери лой монд
Sputnik Тоҷикистон
IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, мегӯяд, бартарафзозии офати табиӣ босуръат идома дорад
2023-08-28T10:55+0500
2023-08-28T10:55+0500
2023-08-28T12:50+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ноҳияи варзоб
роҳ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1c/1059078506_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_e3a2a0130b3e949911e08be9d78d11c5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ, ки бинобар бориши шадиди борон, омадани сел масдуд буд, аз сар гирифта шудааст.Дар ин бора ширкати роҳбон - IRS бо нашри як иттилоия хабар дода, афзудааст, ки роҳ хоса дар минтақаи Варзоб осеби ҷиддӣ дидааст.Ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, тавзеҳ дод, ки аз дирӯз инҷониб роҳбарияти филиали Ширкат ва дигар ашхоси масъул дар макони офати табиӣ ҳузур дошта, бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ босуръат идома дорад. Ба гузориши КҲФ роҳбандӣ 27 августи соли 2023, тахминан соати 14:40 дар натиҷаи боришоти шадид дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб пас аз омадани сел ҷорӣ шуд. Гуфта мешавад, ки бо кӯмаки таҷҳизоти IRS қитъаи роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд, аммо аллакай тахминан соати 16:30 дар натиҷаи боришоти тӯлонӣ дар километри 21-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд омадани сел ва фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 15 мошин зери лой монд. Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои вазъ таҷҳизоти муҳандисии IRS ва КҲФ ба ҳам кашида шуда, соати 02:00 дақиқаи 28 августи соли 2023 вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати роҳ дар ду самт барқарор карда шуд. Инчунин, дар километри 21-ум ва дар ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумита сафарбар гардида, роҳи деҳаи Буваки ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ аз гил тоза карда шуд.
https://sputnik.tj/20230828/tojikiston-13-tan-boron-halok-prezident-hamdard-1059076146.html
ноҳияи варзоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1c/1059078506_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_e976ec8d76ccbccea96d0b0241ba795b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
масир душанбе-хуҷанд боз кҳф мошин лой
масир душанбе-хуҷанд боз кҳф мошин лой
Масири Душанбе-Хуҷанд боз аст: КҲФ гуфт 15 мошин зери лой монд
10:55 28.08.2023 (Навсозишуда: 12:50 28.08.2023) IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, мегӯяд, бартарафзозии офати табиӣ босуръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ, ки бинобар бориши шадиди борон, омадани сел масдуд буд, аз сар гирифта шудааст.
Дар ин бора ширкати роҳбон - IRS бо нашри як иттилоия хабар дода, афзудааст, ки роҳ хоса дар минтақаи Варзоб осеби ҷиддӣ дидааст.
Ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, тавзеҳ дод, ки аз дирӯз инҷониб роҳбарияти филиали Ширкат ва дигар ашхоси масъул дар макони офати табиӣ ҳузур дошта, бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ босуръат идома дорад.
"Кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, то ронандагону мусофирон сари вақт ба макони бехавф интиқол дода шаванд", - афзудааст манбаъ.
Ба гузориши КҲФ роҳбандӣ 27 августи соли 2023, тахминан соати 14:40 дар натиҷаи боришоти шадид дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб пас аз омадани сел ҷорӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки бо кӯмаки таҷҳизоти IRS қитъаи роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд, аммо аллакай тахминан соати 16:30 дар натиҷаи боришоти тӯлонӣ дар километри 21-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд омадани сел ва фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 15 мошин зери лой монд.
Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои вазъ таҷҳизоти муҳандисии IRS ва КҲФ ба ҳам кашида шуда, соати 02:00 дақиқаи 28 августи соли 2023 вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати роҳ дар ду самт барқарор карда шуд.
Инчунин, дар километри 21-ум ва дар ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумита сафарбар гардида, роҳи деҳаи Буваки ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ аз гил тоза карда шуд.