https://sputnik.tj/20230828/eron-saudi-chin-mughuliston-razmoish-saad-1059088709.html
Эрон, Саудӣ, Чин ва Муғулистон ба размоиши СААД даъват шудаанд
Эрон, Саудӣ, Чин ва Муғулистон ба размоиши СААД даъват шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Тамринҳои қариб якҳафтаина аввали сентябр ба нақша гирифта шуда, воҳидҳои низомии Тоҷикистон аллакай барои иштирок дар онҳо вориди Белорус гардидаанд 28.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-28T15:58+0500
2023-08-28T15:58+0500
2023-08-28T19:50+0500
белорус
саад
мулоқот
амният ва мудофиа
размоиш
ҳамкорӣ
бародарӣ
ҷангӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102880/25/1028802597_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_0e156037644f7bd84efef1ba7cca39e5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Намояндагони Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин ва Муғулистон ба ҳайси нозир ба машқҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Белорус даъват шудаанд. Дар ин бора сардори ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. "Намояндагони давлатҳое, ки узви СААД нестанд - Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин ва Муғулистон ба ҳайси нозирон ба размоишҳо дар Белорус даъват шудаанд", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир кишварҳои СААД дар мавриди даъвати нозирон ба тамринҳои "Бародарии бегазанд" дар қаламрави Қирғизистон корҳои мувофиқасозиро анҷом дода истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 6 давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат мебошад. Нерӯҳои низомии Тоҷикистон барои иштирок дар тамринҳои "Бародарии ҷангӣ-2023" вориди Белорус шуда, дар пойгоҳи 61-ум дар Баранович ҷой гирифтаанд. Размоиши "Бародарии ҷангӣ - 2023" дар қаламрави Беларус аз 1 то 6 сентябр баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20230725/saad-bartarafsozii-oqibat-sadamai-hastai-tamrin-1058437081.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102880/25/1028802597_128:0:849:541_1920x0_80_0_0_e542be967d086ce983000295929abfc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белорус, саад, мулоқот, амният ва мудофиа, размоиш, ҳамкорӣ, бародарӣ, ҷангӣ
белорус, саад, мулоқот, амният ва мудофиа, размоиш, ҳамкорӣ, бародарӣ, ҷангӣ
Эрон, Саудӣ, Чин ва Муғулистон ба размоиши СААД даъват шудаанд
15:58 28.08.2023 (Навсозишуда: 19:50 28.08.2023) Тамринҳои қариб якҳафтаина аввали сентябр ба нақша гирифта шуда, воҳидҳои низомии Тоҷикистон аллакай барои иштирок дар онҳо вориди Белорус гардидаанд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Намояндагони Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин ва Муғулистон ба ҳайси нозир ба машқҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Белорус даъват шудаанд.
Дар ин бора сардори ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
"Намояндагони давлатҳое, ки узви СААД нестанд - Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин ва Муғулистон ба ҳайси нозирон ба размоишҳо дар Белорус даъват шудаанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир кишварҳои СААД дар мавриди даъвати нозирон ба тамринҳои "Бародарии бегазанд" дар қаламрави Қирғизистон корҳои мувофиқасозиро анҷом дода истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 6 давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат мебошад.
Нерӯҳои низомии Тоҷикистон барои иштирок дар тамринҳои "Бародарии ҷангӣ-2023" вориди Белорус шуда, дар пойгоҳи 61-ум дар Баранович ҷой гирифтаанд.
Размоиши "Бародарии ҷангӣ - 2023" дар қаламрави Беларус аз 1 то 6 сентябр баргузор мешавад.