Таъсиси Ассотсиатсияи моҳипарварон дар ВМКБ

© Sputnik / Амир ИсаевМоҳии капур (карас) - и Садри Шаҳид, ки ба нияти нек оварда шуда, аммо ба хӯрдани моҳиёни зиёратгоҳ машғул аст Карп в Садри Шахиде, привезенный с добрыми намерениями, но он поедает рыбы святилища
Моҳии капур (карас) - и Садри Шаҳид, ки ба нияти нек оварда шуда, аммо ба хӯрдани моҳиёни зиёратгоҳ машғул аст
Карп в Садри Шахиде, привезенный с добрыми намерениями, но он поедает рыбы святилища - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои панҷ соли минбаъда ният дорад, хоҷагидорону соҳибкоронро ба ин соҳа бештар ҷалб кунад
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз таъсиси Ассотсиатсияи моҳипарварон дар минтақа хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи моҳипарварон дар назди Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфта, ҳадафи он рушди соҳа мебошад.
Таъкид гардидааст, қаблан аз Суғд ба ВМКБ беш аз 40 ҳазор моҳича интиқол дода шуд, ки феълан парвариш ёфта истодаанд. Моҳипарварӣ асосан дар ҳавзҳои сунъии хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Рӯшон ва Роштқалъа ҷараён дорад.
Бо зикри он, ки ВМКБ дар саргаҳи обҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад, шароити моҳипарварӣ дар вилоят мусоид арзёбӣ шудааст.
Ррыбоводное хозяйство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Талаботи Тоҷикистон ба моҳӣ чӣ қадар асту истеҳсолаш чанд?
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои панҷ соли минбаъда ният дорад, хоҷагидорону соҳибкоронро ба ин соҳа бештар ҷалб кунад.
Қаблан Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар кишвар давоми 6 моҳи аввали соли равон 1640 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 тонна ё 43% фоиз зиёд мебошад.
Вазорат афзоиши тавлиди моҳиро натиҷаи амалишавии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ хондаст, ки барои афзоиши шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ мусоидат кардаст.
Манбаъ афзуд, ки феълан дар ҷумҳурӣ 381 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати беш аз 2,7 ҳазор гектар фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0