https://sputnik.tj/20230709/talabot-solona-tojikiston-mohi-hududi-ton-1058165572.html
Талаботи Тоҷикистон ба моҳӣ чӣ қадар асту истеҳсолаш чанд?
Талаботи Тоҷикистон ба моҳӣ чӣ қадар асту истеҳсолаш чанд?
Sputnik Тоҷикистон
Мувофиқи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолӣ дар Тоҷикистон талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол 9 килоро ташкил медиҳад
2023-07-09T16:00+0500
2023-07-09T16:00+0500
2023-07-09T16:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
моҳӣ
тавлидот
талабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/19/1054470024_0:98:3077:1829_1920x0_80_0_0_141fba5238faf0aca6e2f09991b00079.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ бояд 5100 тонна моҳии молӣ истеҳсол намоянд, иттилоъ додааст нашрияи "Ҷумҳурият" бо такя ба дурнамо. Ба иттилои манбаъ, ин нишондод барои қонеъ кардани талаботи кишвар кофӣ нест ва зикр шудааст, ки мувофиқи қарори ҳукумат дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ 9 кило дар як сол мебошад. Таъкид гардидааст, ки барои таъмини беш аз 10 млн аҳолӣ ҳудуди 90 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол карда шавад. Дар матлаб омадааст, ки ҳарчанд майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ меафзояд, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба талабот ҷавобгӯ нест. "Солҳои 90-уми асри гузашта ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 30-35 сентнерро ташкил медод. Айни замон бошад, ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 15-16 сентнер аст", - омадааст дар матлаб. Кфӣ набудани корҳои тадқиқотӣ, илмию озмоишӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои нав низ, аз мушкилоти соҳа арзёбӣ мешаванд. Гаронии ғизои воридотӣ, камбуди кадрҳо ва дигар омилҳо низ дар феҳрасти мушкилоти соҳа зикр шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба рӯди Сир як млн дона моҳича сар дод.Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230130/sarmo-mohikush-talafot-sadho-mohi-tojikiston-1054587251.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/19/1054470024_348:0:3077:2047_1920x0_80_0_0_cc5636adff3d6bdf9c4498a74493e4b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, талабот, солона, моҳӣ, ниёз, афзоиш
тоҷикистон, талабот, солона, моҳӣ, ниёз, афзоиш
Талаботи Тоҷикистон ба моҳӣ чӣ қадар асту истеҳсолаш чанд?
Мувофиқи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолӣ дар Тоҷикистон талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол 9 килоро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ бояд 5100 тонна моҳии молӣ истеҳсол намоянд, иттилоъ додааст нашрияи "Ҷумҳурият" бо такя ба дурнамо.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод барои қонеъ кардани талаботи кишвар кофӣ нест ва зикр шудааст, ки мувофиқи қарори ҳукумат дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ 9 кило дар як сол мебошад.
Таъкид гардидааст, ки барои таъмини беш аз 10 млн аҳолӣ ҳудуди 90 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол карда шавад.
Дар матлаб омадааст, ки ҳарчанд майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ меафзояд, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба талабот ҷавобгӯ нест.
"Солҳои 90-уми асри гузашта ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 30-35 сентнерро ташкил медод. Айни замон бошад, ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 15-16 сентнер аст", - омадааст дар матлаб.
Кфӣ набудани корҳои тадқиқотӣ, илмию озмоишӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои нав низ, аз мушкилоти соҳа арзёбӣ мешаванд. Гаронии ғизои воридотӣ, камбуди кадрҳо ва дигар омилҳо низ дар феҳрасти мушкилоти соҳа зикр шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба рӯди Сир як млн дона моҳича сар дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад.