Пажуҳиш: Русиягиҳо сарфакортар шудаанд

© Flickr \ Ken TeegardinКалькулятор и очки, график планирования экономики
Калькулятор и очки, график планирования экономики  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Обуна шудан
Зимни як назарпурсӣ маълум шудааст, ки дар давоми як соли охир аз нисф зиёди русиягиҳо талош кардаанд, ки маблағро бештар сарфакорона харҷ намоянд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Наздики 58%-и русиягиҳо дар як соли охир бештар рӯй ба сарфа овардаанд ва хароҷоташонро махсусан дар бахши харидҳои калон, дилхушӣ ва сафар камтар намудаанд.
Ин нуктаро дар пайи омӯзиш пойгоҳи онлайнии Webbankir муайян намудааст, иттилоъ дод РИА "Новости".
Муайян шудаст, ки барои таҳсил ҳатто камтар аз ғизо ва табобат сарфа мекунанд.
Аз миёни пурсидашудаҳо наздики 33% бо итминон гуфтаанд, ки сарфакор шудаанд ва 25%-и дигар изҳор доштаанд, ки чунин тамоюлро дар худ мушоҳида намудаанд.
Танҳо 10%-и пурсидашудагон таъкид намудаанд, ки дар хароҷот ҳеч маҳдудиятро ҷорӣ накардаанд.
Во сколько обойдется школьный портфель в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо чанд сомонист?
Дар мавриди он, ки бештар дар чӣ сарфа мекунанд, 54% изҳор доштаанд, ки дар харидҳои бузург, ҳудуди 50% изҳор доштаанд дар тафреҳ ва беш аз 44% дар сафарҳо маблағи камтар харҷ мекардаанд.
Инчунин, сеяки пурсидашудагон гуфтаанд, ки барои тӯҳфаҳо ва тақрибан ҳамин баробар барои молҳои рӯзмарра камтар сарф менамудаанд.
Тибқи натиҷаҳои пажӯҳиш, мардум аз ҳисоби ғизо ё саломатӣ маблағ сарфа мекунанд, аммо барои таҳсил хеле камт. Танҳо камтар аз 6% пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки изҳор доштаанд, ки харҷи таҳсилро кам кардаанд ё омодаанд ба ин кор даст зананд.
Лентаи хабарҳо
0