https://sputnik.tj/20230827/hind-rusiya-uran-kharid-1059069588.html
Ҳинд аз Русия уран харид
Ҳинд аз Русия уран харид
Sputnik Тоҷикистон
Русия барои бори аввал дар чаҳор соли охир навъи метали нодир - уранро ба Ҳинд интиқол додааст, ки ҳаҷми он даҳҳо тоннаро ташкил додааст
2023-08-27T10:42+0500
2023-08-27T10:42+0500
2023-08-27T11:10+0500
дар ҷаҳон
уран
иқтисод
савдо
тиҷорат
ҳиндустон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102298/11/1022981171_0:111:2259:1381_1920x0_80_0_0_b3d07d5dd1028cfa8341b01865ef5d02.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Русия ба Ҳинд ба маблағи беш аз 13,5 млн доллари амрикоӣ маводи уран фурӯхтааст. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" дар пайи таҳлили омори Вазорати савдою саноати Ҳиндустон иттилоъ додаст. Манбаъ таъкид кардааст, ки интиқоли ин маблағ моҳи июни соли равон сурат гирифтааст, ки нахустин бор дар чаҳор соли охир мебошад. Пеш аз ин Русия ба Ҳинд уранро соли 2019 фурӯхта буд. Ба иттилои Вазорати савдо ва саноати Ҳиндустон ҳаҷми маъдани урани харидоришуда аз Русия дар соли равон 118 тоннаро ташкил дод.Соли 2019 ба Ҳинд маъдани уран дар ҳаҷми 1,77 ҳазор тонна уран фурӯхта буд. Он замон ҳаҷми урани харидкардаи Ҳиндустон дар давоми сол ҳудуди 102 млн доллари амрикоиро ташкил дода буд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия 416 тонна уран харидорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар мебошад. Ҳаҷми урани харидкардаи ИМА дар шаш моҳи аввали соли равон баландтарин аз соли 2005 то кунун ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20230826/minsk-kishvarho-uzvi-iiao-yakjo-tahrim-muboriza-1059064881.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102298/11/1022981171_133:0:2124:1493_1920x0_80_0_0_f9d1e61250da578ca4cef6d52d4a9304.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
деҳлӣ, маскав, уран, харидорӣ, ҳаҷм, тонна, ҳинд
деҳлӣ, маскав, уран, харидорӣ, ҳаҷм, тонна, ҳинд
Ҳинд аз Русия уран харид
10:42 27.08.2023 (Навсозишуда: 11:10 27.08.2023) Русия барои бори аввал дар чаҳор соли охир навъи метали нодир - уранро ба Ҳинд интиқол додааст, ки ҳаҷми он даҳҳо тоннаро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Русия ба Ҳинд ба маблағи беш аз 13,5 млн доллари амрикоӣ маводи уран фурӯхтааст.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" дар пайи таҳлили омори Вазорати савдою саноати Ҳиндустон иттилоъ додаст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки интиқоли ин маблағ моҳи июни соли равон сурат гирифтааст, ки нахустин бор дар чаҳор соли охир мебошад. Пеш аз ин Русия ба Ҳинд уранро соли 2019 фурӯхта буд.
Ба иттилои Вазорати савдо ва саноати Ҳиндустон ҳаҷми маъдани урани харидоришуда аз Русия дар соли равон 118 тоннаро ташкил дод.
Соли 2019 ба Ҳинд маъдани уран дар ҳаҷми 1,77 ҳазор тонна уран фурӯхта буд. Он замон ҳаҷми урани харидкардаи Ҳиндустон дар давоми сол ҳудуди 102 млн доллари амрикоиро ташкил дода буд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия 416 тонна уран харидорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар мебошад.
Ҳаҷми урани харидкардаи ИМА дар шаш моҳи аввали соли равон баландтарин аз соли 2005 то кунун ба шумор меравад.