Тоқаев ҳам пешвоз гирифту ҳам гусел кард: Анҷоми сафари Раҳмон ба Қазоқистон

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонАнҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Обуна шудан
Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дошт, ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Баъди анҷоми сафари корӣ ба Қазоқистон раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи шаҳри Остона кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос роҳбари кишвари мизбон Қосим-Ҷомарт Токаев самимона гусел кард.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур ёдовар шудааст, ки зимни ин сафар мулоқоти сатҳи олии раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев баргузор шуд.
Сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ иштирок намуданд.
Имзои ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Идома сафар ба Қазоқистон: Дидори Раҳмон аз Маркази ҳукумати рақамӣ ва имзои санади нав
Ҳамчунин Эмомалӣ раҳмон зимни сафари кориаш аз Масҷиди марказии шаҳри Остона дидан кард ва бо ҷаъияти тоҷикони муқими Қазоқистон дидору мулоқот кард.
Ҳамчунин раисҷумҳури Қазоқистон кишвардори Тоҷикистонро бо ду тоҷики мувафақ, имомхатиби тоҷик Яҳёхоҷа Абдуллоло ва муовини тоҷикашро дар Ассамблеяи халқҳои ин кишвар Исмоилов Акбарҷон шинос кард.
Лентаи хабарҳо
0