Иштиоки Раҳмон ва Тоқаев дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон

© пресс-служба главы РТПрезиденты Таджикистана и Казахстана Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев
Президенты Таджикистана и Казахстана Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Обуна шудан
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон барномаи рангоранги ҳунармандони тоҷик пешкаши меҳмонон карда шуд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар толори Театри давлатии опера ва балети "Остона Опера" бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ сарони Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид карданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонони гардид.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Қазоқистон — Остона, Алмаато ва Чимкент — ин аввалин иқдоми густурдаи фарҳангию башардӯстона дар ин сатҳ дар солҳои истиқлолияти давлатии кишварҳо мебошад, ки бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Роҳбарони ду мамлакати бо ҳам дӯст баргузор мегардад.
Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи давлатҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Тиҷорат то 2 млрд доллар расонда шавад: Музокироти Раҳмону Тоқаев дар Остона
Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар Қазоқистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон аз 24 то 29 август дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор мешаванд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду давлат баргузор шуданд.
Таъкид шудааст, ки рӯзҳои фарҳанг ба ғанӣ гардидани маънавиёти ду халқ ва густариши робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни мардумони бародари тоҷику қазоқ мусоидат мекунанд.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии халҳои ду мамлакат буд.
Барномаи консертии устодони санъати тоҷик аз ҷониби меҳмонон ва шаҳрвандони Қазоқистон бо хушнудии комил пазируфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0