https://sputnik.tj/20230825/harakat-bemonea-pul-quvva-kor-khadamot-mishustin-1059038847.html
Ҳаракати бемонеаи пул, қувваи корӣ ва хадамот: Мишустин гуфт, ИИАО бояд худкифо бошад
Ҳаракати бемонеаи пул, қувваи корӣ ва хадамот: Мишустин гуфт, ИИАО бояд худкифо бошад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҳукумати Русия хостори таҳкими фаъолият барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон дар ҳудуди ИИАО шуд
2023-08-25T12:15+0500
2023-08-25T12:15+0500
2023-08-25T14:46+0500
дар русия
иқтисод
иттиҳоди иқтисодии уросиё
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922333_0:0:2901:1632_1920x0_80_0_0_3449a71c95dd961a2e6bebe881cc51ab.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ташаккули бозорҳои умумии молу хизматрасонӣ, молияву сармоягузорӣ ва инчунин - қувваи корӣ самти афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хоҳад шуд. Ин нуктаро сарвазири Русия Михаил Мишустин зимни ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО баён дошт. Таъкид гардид, ки кор дар созмон барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва фаъолияти соҳибкорӣ равона мегардад.Ба гуфтаи Мишустин, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд ба макроминтақаи худкифо табдил ёбад. Яке аз вазифаҳои муҳим ташкили фазои ягонаи таъминоти кафолатноки молу захираҳои асосӣ мебошад. Сухан пеш аз хама дар бораи амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ меравад, тавзеҳ дод сарвазири Русия. Ӯ зикр намуд, ки ИИАО аз рӯи истеҳсоли гандум, картошка ва маҳсулоти чорводорӣ дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад. Дар охири соли 2022 афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ қариб ба 9,5% ва дар нимсолаи аввали соли 2023 ба 3% наздик шуд, илова намуд сарвазир. Кишварҳоши узви ИИАО минбаъд низ ҳамчун таъминкунандагони боэътимоди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ баромад мекунанд. Мишустин зикр намуд, ки кишварҳои “панҷгона” бо газ, нафт, маҳсулоти нафтӣ ва нерӯи барқ пурра таъминанд. Сарвазир ҳамчунин аҳамияти кори муштаракро барои таҳкими иктишофи геологӣ ва инфрасохторро таъкид намуд, ки барои таъмини устувор ва бефосилаи мардум ва корхонаҳо бо захираҳо зарур аст.
https://sputnik.tj/20230820/hama-kishvar-iiao-rushd-tamin-1058937549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922333_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_4959466bd9ec178eb2900e932cf1ee47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мишустин, сарвазир, худкифо
мишустин, сарвазир, худкифо
Ҳаракати бемонеаи пул, қувваи корӣ ва хадамот: Мишустин гуфт, ИИАО бояд худкифо бошад
12:15 25.08.2023 (Навсозишуда: 14:46 25.08.2023) Раиси ҳукумати Русия хостори таҳкими фаъолият барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон дар ҳудуди ИИАО шуд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ташаккули бозорҳои умумии молу хизматрасонӣ, молияву сармоягузорӣ ва инчунин - қувваи корӣ самти афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хоҳад шуд.
Ин нуктаро сарвазири Русия Михаил Мишустин зимни ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО баён дошт.
Таъкид гардид, ки кор дар созмон барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва фаъолияти соҳибкорӣ равона мегардад.
Ба гуфтаи Мишустин, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд ба макроминтақаи худкифо табдил ёбад.
Яке аз вазифаҳои муҳим ташкили фазои ягонаи таъминоти кафолатноки молу захираҳои асосӣ мебошад. Сухан пеш аз хама дар бораи амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ меравад, тавзеҳ дод сарвазири Русия.
Ӯ зикр намуд, ки ИИАО аз рӯи истеҳсоли гандум, картошка ва маҳсулоти чорводорӣ дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Дар охири соли 2022 афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ қариб ба 9,5% ва дар нимсолаи аввали соли 2023 ба 3% наздик шуд, илова намуд сарвазир.
Кишварҳоши узви ИИАО минбаъд низ ҳамчун таъминкунандагони боэътимоди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ баромад мекунанд.
Мишустин зикр намуд, ки кишварҳои “панҷгона” бо газ, нафт, маҳсулоти нафтӣ ва нерӯи барқ пурра таъминанд.
Сарвазир ҳамчунин аҳамияти кори муштаракро барои таҳкими иктишофи геологӣ ва инфрасохторро таъкид намуд, ки барои таъмини устувор ва бефосилаи мардум ва корхонаҳо бо захираҳо зарур аст.