Боздошти рӯзноманигори эронӣ аз сӯи толибҳо дар Афғонистон

© Sputnik / StringerТалибы* 203-го армейского корпуса «Мансури» в афганской провинции Хост
Талибы* 203-го армейского корпуса «Мансури» в афганской провинции Хост - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Обуна шудан
Ҷониби Эрон таъкид мекунад, ки хабарнигор ва аксбардори хабаргузории Tasnim бо риояи тамоми ҷузъиёт ва талаботи қонунгузорӣ вориди Афғонистон шуда буд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Пайравони ҷунбиши тундрави Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, аксбардори хабаргузории эронии Tasnim, Муҳаммад Ҳусейн Вилоятиро боздошт намуданд.
Дар ин бора хабаргузории эронӣ дар саҳифааш иттилоъ дода, афзудааст, ки хабарнигор бо риояи тамоми расмиёт вориди Афғонистон шуда буд.
Таъкид шудааст, Вилоятӣ бо сафари 10-рӯза озими Афғонистон шуда буд, аммо зимни бозгашт дар фурудгоҳи Кобул боздошт гардид. Хабаргузории эронӣ гуфтааст, мақомоти толибҳ ҳеч тавзеҳи қазияро пешниҳод накардаанд.
Хабаргузорӣ аз муносибати толибҳоро бо рӯзноманигорони эронӣ нохушоянд арзёбӣ карда, афзудааст, ки умедворанд Вилоятӣ ҳарчи зудтар раҳо карда шавад.
Урожай в садах Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Барои нахустин бор ангури Афғонистон ба Русия содирот шуд
Қаблан гуруҳи толибҳо* аз ҳалли баҳсашон бо Эрон бар сари об хабар доданду таъкид намуданд, ки бо ҳамаи ҳамсояҳо бархӯрд хуб мешавад.
Муовини нахуствазири ҳукумати Толибон* дар умури сиёсӣ Ҳилманд Абдулкабир дар маросими Рӯзи истиқлол гуфт, ҳалли ин масъала аз тариқи муколама бо Эрон нишондиҳандаи хуб мебошад.
Ҳалли қазия собит кард, ки толибҳо сиёсати мусбат ва ҳамкориҳои созандаро дунбол мекунанд, гуфт Абдулкабир.
*- созмон барои ҳамалоти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0