Фоҷиаи ҷаҳони куҳан: БРИКС ду баробар зиёд мешавад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкIII Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС
III Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Обуна шудан
Ҷанги Ғарб бо Русия ва муқовимати БРИКС - ин азоби ҷонкании собиқ гегемонҳо мебошад, онҳо дар банди "тарси дардноки мурдан" қарор доранд.
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik, Кирилл Стрелников. Аллакай бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки нишасти XV-уми сарони кишварҳои БРИКС, ки аз 22 то 24 август дар Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) баргузор шуд, ҳамчун рӯйдоде ба таърих дар таърих боқӣ мемонад, ки масъалаи бартараф намудани яккаҳукмфармоии Ғарб, оғози замони нав ва бунёди тартиботи нави ҷаҳониро кӯндаланг гузошт.
Дар пасманзари ҷанги воқеан расмӣ, ки аз ҷониби Ғарби дастҷамъӣалайҳи Русия эълон шуда буд ва захираҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки аз ҷониби яккатозони собиқ барои наҷоти диктатураи "демократӣ”-и худ партофта буданд, қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон маркази нави қудрат ва қоидаҳои нави ҳамзистии ҷаҳониро интихоб намуданд.
Аз ин нишаст метавон аз ду натиҷа ном бурд, ки якеашро метавон асоситар гуфт.
Якум: дар чаҳорчӯбаи БРИКС қарори асосӣ дар бораи рушд ва васеъшавӣ қабул карда шуд.
Барои ин ҳуҷҷате таҳия ва қабул гардид, ки дар он муқаррарот ва принсипҳо, инчунин - равандҳои баррасии дархостҳои кишварҳое, ки хоҳиши узви ин созмон шудан доранд, таҳия ва қабул карда шуданд. Ин бошад, БРИКС-ро ба системаи кушод табдил медиҳад - кадоме қодир аст дар саросари ҷаҳон миқёси динамикӣ дошта бошад, ки афзоиши босуръати нуфузи ин созмонро таъмин менамояд.
III Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Дар кори нишасти сарони узви БРИКС таҳкими робитаҳо бо Ҷануби бузург низ баррасӣ гардид
Барои бори дигар саргардон нашудан, роҳбарони БРИКС тасмим гирифтанд, ки ташкилотро якбора ду баробар зиёд кунанд: Аргентина, Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия ба сафи ин созмон қабул карда шуданд. Мақоми расмии ин кишварҳо аз рӯзи аввали раёсати Русия дар БРИКС, яъне аз 1 январи соли 2024 оғоз меёбад.
Бояд зикр намуд, ки дар оғози ҳамоиш тақрибан 20 кишвар барои дохил шудан ба созмони БРИКС дархостҳои расмӣ пешниҳод намуда буданд ва дар маҷмӯъ беш аз 40 давлат ба узвият дар ин созмон таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст.
Ин оморро суханони сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ тасдиқ месозанд, ки гуфт: "Қабули аъзои нав ба БРИКС ин созмонро тақвият медиҳад ва ба рушд ва муттаҳидшавӣ суръати нав мебахшад, дар баробари ин - эътиқоди бисёр кишварҳоро ба имкони сулҳи бисёрқутба комил месозад."
Аз манфиат холӣ нест, агар ба ёд орем, ки замоне таъсиси БРИКС-ро дар Ғарб бо тамасхур ва қариб бо боди ҳуштак пешвоз гирифта буданд. Барои мисол, соли 2013 Бунёди Карнеги гузоришеро нашр намуд, ки дар он бо шумори ангуштон шарҳ медод, ки Ғарб набояд ба ташвиш ояд, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ БРИКС ба ҷаҳониён чизе наву ҷолиб наметавонад пешниҳод созад.
Аммо баъдан ҳисобдонҳои ғарбӣ тасмими таҳлил гирифтанд ва аён гашт, ки БРИКС 36% қаламрави ҷаҳон, 45% тамоми аҳолии сайёра, 37,3% ММД-и ҷаҳонӣ, 38% истеҳсоли саноати ҷаҳонӣ, қариб нисфи захираҳои нафту газ ва, инчунин, истеҳсолкунандаи нисфи тамоми маҳсулоти хӯроквории дар ҷаҳон мебошад.
Яъне, БРИКС қариб аз рӯи ҳамаи ин нишондиҳандаҳо созмони G7-ро, ки кишварҳои пешрафтаву меҳварии авроатлантикиро дар бар мегирад, убур мекунад.
Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Захарова: Дасисаҳои Ғарб нисбати нишасти БРИКС кор надоданд
Ба ибораи дигар, дар маҷмӯъ, БРИКС ниёзе ба Ғарб надорад, ва ба Ғарб бошад аз БРИКС ҳама чиз лозим аст.
Дуюм: дар нишасти XV-уми сарони кишварҳои БРИКС қарори ниҳоӣ дар бораи таъсиси системаи дохилии ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарӣ қабул ва долларзудоии пурра эълон карда шуд.
Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик воҳиди умумии молиявии БРИКС, манбаи захираҳои асъорӣ барои кӯмаки мутақобила дар сурати якбора кам шудани захираҳои тиллоии асъории ягон кишвари аъзо, тавсеаи имкониятҳои Бонки нави рушди БРИКС, ки дар фаъолияти он тақрибан 15 кишвари дигар иштирок кардан мехоҳанд, афзоиши куллии ҳиссаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркунӣ, оғози воситаҳои пардохт ва платформаҳо дар асоси асъори миллӣ - аз ҷумла системаи ягонаи интиқоли паёмҳои молиявӣ (ҳамсони SWIFT) - ва ғайра ташкил карда мешаванд.
Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, "раванди объективии бебозгашти дедолларизатсия суръат мегирад" ва дар асл қарори нишасти навбатии БРИКС дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ натанҳо занги оғози фарҷом, балки аввалин созҳои марши мотамии Моцарт барои доллари амрикоӣ мебошад.
Аммо натиҷаи асосии нишасти сарони кившарҳои аъзои БРИКС пирӯзии ноаёни сиёсӣ, вале равшани Русия буд.
Русия, ки ба танҳоӣ бо тартиботи кӯҳнаи ҷаҳонӣ муқобилат кард, муборизаи як ба як бурд ва қувваҳои пурқудрати Ғарби дастҷамъонаро мағлуб кард, дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқи худро ба сифати яке аз роҳбарон ва меъморони ҷаҳони нав исбот намуд.
Флаги стран участников БРИКС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Ба БРИКС шаш кишвари нав пазируфта мешавад: кадомҳо?
Ҳеҷ кас намехоҳад зери парчами ҷониби мағлубшудагон қарор гирад: нодида гирифтани таҳримҳои зиддирусиягӣ, афзоиши гардиши мол бо суръати ҳангуфт, интихоби якдилонаи Русия ба ҳайси раиси БРИКС барои соли 2024, баргузории нишасти навбатии созмон дар Қазон ва навбати хоҳишмандон барои пайвастан ба чунин иттиҳоди суст ва ба чизе таъсиррасон набуда - ин ҳама возеҳ нишон медиҳад, ки берун аз "боғи хушнамо" кӣ қартаҳояшро барои сулҳ гузошт
Ҷануб ва Шарқи бузург дар симои Русия имкониятро мебинанд. Имконияти ҷаҳони нав, устувор ва одилона, ки дар он манфиатҳои ҳама ба назар гирифта мешаванд ва ҳуқуқи рушд бо роҳи интихобкардаи ҳар кишвар дастгирӣ меёбад.
Ҷанги Ғарб бо Русия ва муқовимати БРИКС - ин азоби ҷонкании собиқ гегемонҳо мебошад, онҳо дар банди "тарси дардноки мурдан" ҷарор доранд.
Яккаҳукмфармоҳои Ғарб ҳама чизро дар хатар гузоштанд, аммо ба ҷаҳон ҷуз ҷанг, таназзул, диктатураи сиёсӣ ва иқтисодӣ чизи дигар дода наметавонанд.
Ҳақиқат, адолат ва иродаи оҳанин аз мост, яъне - ғалаба аз мо хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0