https://sputnik.tj/20230824/briks-kishvar-nav-paziruft-kadomho-1059025746.html
Ба БРИКС шаш кишвари нав пазируфта мешавад: кадомҳо?
Ба БРИКС шаш кишвари нав пазируфта мешавад: кадомҳо?
Sputnik Тоҷикистон
Қарор дар бораи вуруди 6 давлати нав ба ҳайати созмон дар нишасти сарони он қабул шуда, узвияти онҳо аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад
2023-08-24T17:03+0500
2023-08-24T17:03+0500
2023-08-24T17:03+0500
брикс
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102324/26/1023242684_24:240:3236:2047_1920x0_80_0_0_5ba8d2807edce7f47cb7592a2c6d7954.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Кишварҳои узви БРИКС тасмим гирифтанд, ки 6 узви навро ба ин созмон даъват кунанд. Дар ин бора президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса зимни суханронӣ дар нишасти БРИКС хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод ба Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб равона шудааст. Сарвари Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шарҳ дод, ки узвияти ин кишварҳо аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, натиҷаи тавофуқ дар ҳама мавқеъҳо, аз ҷумла мавқеъҳои марбут ба тавсеаи БРИКС маҳз ба Сирил Рамафос тааллуқ дорад. Иштирокчиёни ҳамоиш дар баробари баррасии тавсеъа, ба масоили мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъмини сулҳу амният ва мусоидат ба равобити одилонаи байналмилалӣ таваҷҷӯҳ карданд. Нишасти намояндагони кишварҳои узви БРИКС аз 22 то 24 август дар Йоханнесбург баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш аз Русия Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳузур дорад. Раҳбари Русия дар ин чорабинӣ онлайнӣ ширкат мекунад.
https://sputnik.tj/20230824/briks-raqobat-nuqot-muhim-putin-nishasti-panjgona-1059023669.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102324/26/1023242684_395:238:2806:2047_1920x0_80_0_0_337947fbef46d44f2bc7115699bbfca5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
брикс кишвар нав тавсеа
Ба БРИКС шаш кишвари нав пазируфта мешавад: кадомҳо?
Қарор дар бораи вуруди 6 давлати нав ба ҳайати созмон дар нишасти сарони он қабул шуда, узвияти онҳо аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Кишварҳои узви БРИКС тасмим гирифтанд, ки 6 узви навро ба ин созмон даъват кунанд.
Дар ин бора президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса зимни суханронӣ дар нишасти БРИКС хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод ба Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб равона шудааст.
Сарвари Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шарҳ дод, ки узвияти ин кишварҳо аз 1 январи соли 2024 расмӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, натиҷаи тавофуқ дар ҳама мавқеъҳо, аз ҷумла мавқеъҳои марбут ба тавсеаи БРИКС маҳз ба Сирил Рамафос тааллуқ дорад.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар баробари баррасии тавсеъа, ба масоили мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъмини сулҳу амният ва мусоидат ба равобити одилонаи байналмилалӣ таваҷҷӯҳ карданд.
Нишасти намояндагони кишварҳои узви БРИКС аз 22 то 24 август дар Йоханнесбург баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш аз Русия Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳузур дорад. Раҳбари Русия дар ин чорабинӣ онлайнӣ ширкат мекунад.