Дуои Раҳмону Тоқаев дар Масҷиди марказии шаҳри Остона – видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон ба кишвардори Тоҷикистон Масҷиди марказии шаҳри Остонаро, ки як сол пеш сохта шудааст нишон дод
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев дар шаҳри Остона аз Масҷиди марказии шаҳр боздид карданд.
Дар масҷиде, ки соли 2022 мавриди истифода қарор гирифтааст, зимни боздид раҳбарони ду кишвар дуо хонданд.
Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иштиоки Раҳмон ва Тоқаев дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон
Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Дарҳои даромад аз чуби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.
Дар масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мавҷуданд.
Лентаи хабарҳо
0