Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Ӯзбекистонро шикаст доданд

© ФФТДастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Узбекистонро шикаст доданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Узбекистонро шикаст доданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Обуна шудан
Наврасони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рақибони ӯзбекистонияшонро мағлуб карданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, сеюмин пирӯзиро ба даст овард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
“Дар даври чорум наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Узбекистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб оманданд”, - хабар додааст ФФТ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаҳои Афғонистон (3:1) ва Қирғизистон (4:1)-ро мағлуб намуд.
Юношеская сборная Таджикистана обыграла Кыргызстан в чемпионате CAFA-2023 (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Наврасони тоҷик ҳамсолони қирғизашонро дар чемпионати CAFA шикаст доданд
Иттилоъ дода шудааст, ки дар даври ниҳоии чемпионати CAFA-2023 рӯзи 27-уми август тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи Эрон бозӣ менамояд.
Бозии мазкур соати 21:00 ба вақти маҳалӣ оғоз меёбад.
Вохӯриҳо то рӯзи сешанбеи 22 август идома хоҳанд кард.
Дар рӯзи охирини мусобиқот, яъне 27-уми август, бозиҳои Афғонистону Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0