Наврасони тоҷик ҳамсолони қирғизашонро дар чемпионати CAFA шикаст доданд

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана обыграла Кыргызстан в чемпионате CAFA-2023 (U-17)
Юношеская сборная Таджикистана обыграла Кыргызстан в чемпионате CAFA-2023 (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Обуна шудан
Бозии даври сеюми чемпионати CAFA барои миллипӯшони навраси тоҷик бобарор анҷом ёфт. Онҳо тавонистанд аз ҳарифони қирғизашон хол ситонанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон яккачини Қирғизистонро шикаст дод.
Ин бозии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола буд, ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид.
Ба гузориши дафтари матбуоти ФФТ, футболбозони тоҷик дар баробари сар додани як тӯб, тавонистанд ба дарвозаи ҳарифашон чаҳор гол бизананд.
Наврасони тоҷик дар бозӣ фаъол буданду фишорҳо меоварданд, аммо дар даври аввал натавонистанд фурсатҳоро истифода баранд. Аммо намояндагони Қирғизистон тавонистанд аз ягона фурсат дар даври аввал кор гирифта гол бизананд.
Дар даври дуюм бошад, бо як ҷойивазкунӣ бозии мунтахаби Тоҷикистон тағйир ёфт.
Ҳамин тариқ Парвиз Бобоназаров голи аввалро дар нимаи дуюми бозӣ зад. Ба дунболи ӯ Идрис Давлатзода ва Фирӯзҷон Шарипов, ки вориди майдон шуда буданд, гол заданд.
Голи чаҳорумро барои яккачини Тоҷикистон ниммуҳофизатгари қирғиз Ҷамбулуд Ормонов бо иштибоҳан ворид кардани тӯб ба дарвозаи худ тақдим кард.
Дар бозии дигар бошад, яккачини Афғонистон ба таври ғайричашмдошт, миллипӯшони Эронро бо ҳисроби 2:1 шикаст дод.
Ҳамакнун дар даври баъдӣ рақиби мунтахаби Тоҷикистон Ӯзбекистон хоҳад буд, ки ин бозӣ фардо доир мешавад.
Ҳамин тариқ, дар пайи се даври бозӣ дар ҷадвали мусобиқа Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Афғонистон шашимтиёзӣ доранду Қирғизистон ва Эрон бидуни хол дар охир қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0