https://sputnik.tj/20230817/qadrdonii-sharipov-najoti-mardi-solkhurdau-kudak-1058895461.html
Қадрдонии Шарипов барои наҷоти марди солхӯрдаю кӯдак аз коми сел
Қадрдонии Шарипов барои наҷоти марди солхӯрдаю кӯдак аз коми сел
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сокини ҷамоати Урметани ноҳияи Айниро барои қаҳрамонӣ дар наҷоти дигарон қадрдонӣ кард
2023-08-17T21:00+0500
2023-08-17T21:00+0500
2023-08-17T21:00+0500
кҳф
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
айнӣ
қаҳрамонӣ
қадрдонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:76:1032:657_1920x0_80_0_0_e73734ded04a631b463bf86d36602618.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Сокини ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, Аловиддин Шарипов барои наҷоти ҷони 2 нафар аз ҳамдеҳагонаш бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳангоми сар задани селҳои харобиовар дар ноҳияи Айнӣ охири моҳи июл, сели обу лой марди 75-сола ва писарчаи 7-сола, сокинони деҳаи Лангарро ба коми худ бурд. Аммо яке аз ҳамдеҳагони ин ду нафар, Аловиддин Шарипов ин ҳолатро дида, бетараф наистод ва худро ба селоба андохт, то марди солхӯрдаю кӯдакро наҷотро диҳад. Бахшида ба рӯзи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ки ҳамасола 17-уми август таҷлил мешавад, генерал Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ба ноҳияи Айнӣ рафт, то Шариповро қадрдонӣ намояд. Ба иттилои КҲФ, барои қаҳрамонӣ ва наҷоти ду ҳамдеҳа ба Шарипов ифтихорнома ва туҳфаи қиматнок - оинаи нилгун тақдим гардид. Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июл дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ 161 хонавода осеб диданд.Ба иттилои КҲФ, аз ҷумла дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расид, ҳамчунин - 81 замини наздиҳавлигӣ зери об монда буд.
https://sputnik.tj/20230817/binoi-bisyoroshiyona-navbunyod-khorugh-zarardida-1058874876.html
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:0:1032:774_1920x0_80_0_0_2ce7cf9879f71dbaa87b262be8303baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарипов, наҷот, ком, сел, ҳамдеҳа, гражданӣ
шарипов, наҷот, ком, сел, ҳамдеҳа, гражданӣ
Қадрдонии Шарипов барои наҷоти марди солхӯрдаю кӯдак аз коми сел
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон як сокини ҷамоати Урметани ноҳияи Айниро барои қаҳрамонӣ дар наҷоти дигарон қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Сокини ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, Аловиддин Шарипов барои наҷоти ҷони 2 нафар аз ҳамдеҳагонаш бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳангоми сар задани селҳои харобиовар дар ноҳияи Айнӣ охири моҳи июл, сели обу лой марди 75-сола ва писарчаи 7-сола, сокинони деҳаи Лангарро ба коми худ бурд.
Аммо яке аз ҳамдеҳагони ин ду нафар, Аловиддин Шарипов ин ҳолатро дида, бетараф наистод ва худро ба селоба андохт, то марди солхӯрдаю кӯдакро наҷотро диҳад.
Бахшида ба рӯзи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ки ҳамасола 17-уми август таҷлил мешавад, генерал Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ба ноҳияи Айнӣ рафт, то Шариповро қадрдонӣ намояд.
Ба иттилои КҲФ, барои қаҳрамонӣ ва наҷоти ду ҳамдеҳа ба Шарипов ифтихорнома ва туҳфаи қиматнок - оинаи нилгун тақдим гардид.
Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июл дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ 161 хонавода осеб диданд.
Ба иттилои КҲФ, аз ҷумла дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расид, ҳамчунин - 81 замини наздиҳавлигӣ зери об монда буд.