https://sputnik.tj/20230825/tojikiston-sarkhat-gumruk-rusiya-1059038302.html
Тоҷикистон дар сархат: Гумруки Русия гуфт, аз куҷо бештар маводи мухаддир ворид мешавад
Тоҷикистон дар сархат: Гумруки Русия гуфт, аз куҷо бештар маводи мухаддир ворид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти федералии гумруки Русия бо нашри омори ҳафтмоҳа эълон доштааст, ки аз кадом кишварҳо бештар қасди вуруди маводи мухаддир сабт шудааст
2023-08-25T11:31+0500
2023-08-25T11:31+0500
2023-08-25T14:37+0500
дар русия
амният ва мудофиа
қочоқ
мавод
мухаддир
гумрук
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101778/07/1017780725_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b0e427f327aa354949f8988e4dd28061.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Моддаҳои мухаддир ва психотропии мамнӯъ бештар ба Русия аз Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар ин бора Хадамоти федеролии гумруки Русия хабар додааст. Гуфта мешавад, ки чунин натиҷаро омори боздоштҳо дар 7 моҳи соли 2023 нишон додааст. Ҳамин тариқ, ба ҷуз аз Тоҷикистон ба "антирейтинг" ҳамчунин кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз қабили Эстония, Чехия, Финландия, Испания ва Ҳиндустону Чин шомил низ шуданд. Маъмултарин маводи мухаддири "воридшуда" - ҳашиш, кокаин ва мефедрон мебошанд, афзуд манбаъ. "Аз рӯи ин ҳолатҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 10,5 тон маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, инчунин моддаҳои сахттаъсир мусодира карда шуданд", - иттилоъ дод мақомоти гумрук. Ин ниҳод афзуд, ки аз моҳи январ то июли соли 2023 кормандони гумрук аз рӯи моддаи қочоқи маводи мухаддир 105 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далелҳои воридоти ғайриқонунии маводи мухаддир боз кардаанд. Ҳамчунин 112 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қочоқи моддаҳои таъсирбахш боз шудааст.Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда дар ҷумҳурӣ дар 6 моҳи аввали соли равон афзоиш ёфтааст. Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гузориш дода буд, ки дар нимаи аввали соли 2023 ин ниҳод 366 кг маводи мухаддирро мусодира кардааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 115 кило ва ё 45% зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230823/bozdoshti-tojik-uzbekiston-qochoq-mavodi-mukhaddir-1058988663.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101778/07/1017780725_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_dbae965753ddc16e775950bd54354c9c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ворид, нашъа, русия, сархат, гумрук
тоҷикистон, ворид, нашъа, русия, сархат, гумрук
Тоҷикистон дар сархат: Гумруки Русия гуфт, аз куҷо бештар маводи мухаддир ворид мешавад
11:31 25.08.2023 (Навсозишуда: 14:37 25.08.2023) Хадамоти федералии гумруки Русия бо нашри омори ҳафтмоҳа эълон доштааст, ки аз кадом кишварҳо бештар қасди вуруди маводи мухаддир сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Моддаҳои мухаддир ва психотропии мамнӯъ бештар ба Русия аз Тоҷикистон ворид шудаанд.
Дар ин бора Хадамоти федеролии гумруки Русия хабар додааст. Гуфта мешавад, ки чунин натиҷаро омори боздоштҳо дар 7 моҳи соли 2023 нишон додааст.
Ҳамин тариқ, ба ҷуз аз Тоҷикистон ба "антирейтинг" ҳамчунин кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз қабили Эстония, Чехия, Финландия, Испания ва Ҳиндустону Чин шомил низ шуданд.
Маъмултарин маводи мухаддири "воридшуда" - ҳашиш, кокаин ва мефедрон мебошанд, афзуд манбаъ.
"Аз рӯи ин ҳолатҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 10,5 тон маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, инчунин моддаҳои сахттаъсир мусодира карда шуданд", - иттилоъ дод мақомоти гумрук.
Ин ниҳод афзуд, ки аз моҳи январ то июли соли 2023 кормандони гумрук аз рӯи моддаи қочоқи маводи мухаддир 105 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далелҳои воридоти ғайриқонунии маводи мухаддир боз кардаанд.
Ҳамчунин 112 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қочоқи моддаҳои таъсирбахш боз шудааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда дар ҷумҳурӣ дар 6 моҳи аввали соли равон афзоиш ёфтааст.
Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гузориш дода буд, ки дар нимаи аввали соли 2023 ин ниҳод 366 кг маводи мухаддирро мусодира кардааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 115 кило ва ё 45% зиёд мебошад.