Боздошти тоҷике дар Ӯзбекистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир

© Таможенное управление Ташкентской области.В Узбекистане задержали таджикского наркокурьера
В Узбекистане задержали таджикского наркокурьера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон аз як гурӯҳ 55 кг, аз ҷумла 52 кг ҳашиш ва беш аз 2 кг ҳероин ва ҳудуди 950 гр маводи мухаддири синтетикӣ дарёфт кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба иттиҳоми қочоқи як бастаи бузурги маводи мухаддир боздошт шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Идораи гумруки вилояти Тошканд хабар додааст.
“Кормандони гумрук ва марзбонони гузаргоҳи Ойбек дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон мошини як сокини кишвари ҳамсояро тафтиш карданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳангоми санҷиш маълум шуд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон кӯшиши ворид кардани беш аз 55 кило маводи мухаддирро кардааст.
Барои ин мақсад дар зарфи нигоҳдории бензин ва баллони газ моддахои манъшударо пинхон кардааст.
Дар маҷмӯъ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ беш аз 52 кило ҳашиш, беш аз 2 кило ҳероин ва ҳудуди 950 грамм маводи мухаддири синтетикӣ дарёфт карданд.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Дар Тоҷикистон ошкору мусодираи маводи мухаддир якбора афзоиш ёфтааст
Дар ҳоли ҳозир муфаттишон тафтишотро оғоз кардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони интизомӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар нимсолаи аввали соли 2023 кормандони ин ниҳод 366 кг маводи мухаддирро мусодира кардаанд.
Ин рақам нисбат банишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 115 килограмм ё 45 фоиз зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0