Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои омӯзишӣ ва пажуҳиширо густариш медиҳанд

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонИран Таджикистан флаг
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Обуна шудан
Раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон роҳкорҳои рушди ҳамкориҳои муштараки дармониро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ахиран гуфтугӯи маҷозии муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ва раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз сурат гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ниасти маҷози ки бо ҳузури раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон баргузор шуд тарафайн дар хусуси рушди ҳамкориҳои муштарак дар бахши омузиш, беҳдошт ва дармон табодули назар карданд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст муқарар шуд бо ташкили коргурӯҳи ҳамкории дуҷониба байни муовинати байналмилалии донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон нисбат ба густариши ҳамкориҳои омузишӣ ва пажуҳишӣ ба сурати амалиёти ҳамоҳанги лозим анҷом шавад.
Дидор бо сафири Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Собирӣ рафт: Эрон киро ба Тоҷикистон ҳамчун сафир мефиристад?
Раисони марозики бузурги дармони ва раиси донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон аз дигар суханронони ин нишасти маҷозӣ буданд, ки тамоюли худро барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои омузишӣ, беҳдошти ва дармонӣ ба донишгоҳи улумпизишкии Шероз эълом карданд.
Лентаи хабарҳо
0