https://sputnik.tj/20230821/sobiri-raft-eron-tojikiston-safir-mefiristad-1058946402.html
Собирӣ рафт: Эрон киро ба Тоҷикистон ҳамчун сафир мефиристад?
Собирӣ рафт: Эрон киро ба Тоҷикистон ҳамчун сафир мефиристад?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон cафири Эрон дар Тоҷикистонро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт
2023-08-21T13:59+0500
2023-08-21T13:59+0500
2023-08-21T19:33+0500
дар тоҷикистон
эрон
сафир
вух-и тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058946147_0:109:1200:784_1920x0_80_0_0_e635eb5cbba827da483ef768fd782063.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суҳбат бо сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ кард.Вазир ба сафири Эрон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳои Эрон имкон дорад Алиризо Ҳақиқиён, мудири кулли АвруОсиёи вазорати умури хориҷаи Эрон, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шавад.“Алиризо Ҳақиқиён, мудури кули АвруОсиёии вазорати умури хориҷа низ бар асоси бархе аз гумоназаниҳои расонаӣ эҳтимолан дар ояндаи наздик ба унвони сафири Эрон дар яке аз кишварҳои осёнаҳи миёнаи машғӯл ба фаъолият хоҳад шуд”, - навиштааст хабаргузории ИСНА. Ба иттилои ҳамин расона оқои Ҳақиқиён пеш аз ин сафири Эрон дар кишварҳои Арманистон ва Покистон будааст.
https://sputnik.tj/20230810/khudohofizii-safiri-eron-mardumi-tojikiston-video-1058745184.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058946147_36:0:1200:873_1920x0_80_0_0_063c2415377c16e192ecb78ca6b545ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сафир, вазири хориҷа, муҳаммадтақии собирӣ, сироҷиддин муҳриддин
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сафир, вазири хориҷа, муҳаммадтақии собирӣ, сироҷиддин муҳриддин
Собирӣ рафт: Эрон киро ба Тоҷикистон ҳамчун сафир мефиристад?
13:59 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:33 21.08.2023) Вазири умури хориҷии Тоҷикистон cафири Эрон дар Тоҷикистонро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суҳбат бо сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ кард.
Вазир ба сафири Эрон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳои Эрон имкон дорад Алиризо Ҳақиқиён, мудири кулли АвруОсиёи вазорати умури хориҷаи Эрон, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шавад.
“Алиризо Ҳақиқиён, мудури кули АвруОсиёии вазорати умури хориҷа низ бар асоси бархе аз гумоназаниҳои расонаӣ эҳтимолан дар ояндаи наздик ба унвони сафири Эрон дар яке аз кишварҳои осёнаҳи миёнаи машғӯл ба фаъолият хоҳад шуд”, - навиштааст хабаргузории ИСНА.
Ба иттилои ҳамин расона оқои Ҳақиқиён пеш аз ин сафири Эрон дар кишварҳои Арманистон ва Покистон будааст.