https://sputnik.tj/20230825/jashnvora-varzish-ekaterinburg-tojikiston-medal-1059052421.html
Ҷашнвораи варзиш дар Екатеринбург: Намояндагони Тоҷикистон чанд медал гирифтанд?
Ҷашнвораи варзиш дар Екатеринбург: Намояндагони Тоҷикистон чанд медал гирифтанд?
Дар мусобиқаи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ дар Екатеринбург бештари медалҳоро ба хазинаи варзишии Тоҷикистон муштзанҳо ворид кардаанд
2023-08-25T18:29+0500
2023-08-25T18:29+0500
2023-08-25T20:38+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
екатеринбург
мусобиқа
донишҷӯ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102971/56/1029715638_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_3de98c8796185a1ddad77c2585b83c2f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии варзиш дар Екатеринбург то ҳол соҳиби 3 медали тило гардидаанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Фестивали байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ, ки дар Екатеринбург ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс бар иловаи 4 медали биринҷӣ, 3 медали тилло ва 1 нуқра ба даст оварданд. Манбаъ афзуд, ки Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кг, Абдумалик Болтаев дар вазни то 80 кг ҷои якум, Расул Аҳадов дар вазни то 67 кг ҷои дуюмро гирифтанд.Дар ҷамъбасти панҷ рӯзи мусобиқот муштзанҳои Тоҷикистон дар маҷмуъ 8 медал доранд. Аз ҷумла, нишонҳои биринҷиро Дилдода Асақалова (54 кг), Шоҳин Ҳигматов ( 63,5 кг), Диёр Султонов (75 кг), Толибҷон Расулов (86 кг) соҳиб шуданд. Ҳамчунин ҳайати даставии ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Екатеринбург мақоми сеюмро касб намуда, ба хазинаи варзишии кишвар медалҳои биринҷӣ оварданд. Ҷашнвораи байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ дар Екатеринбург то 31-уми август идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони донишҷӯи 36 мамлакат аз рӯи 14 намудаи варзиш зӯрозмоӣ мекунанд. Тоҷикистон дар ҷашнвораи варзиши донишгоҳ 54 намоянда дар 6 намуди варзишӣ намояндагӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20230825/khotir-salomati-korshinos-ronaldu-dushanbe-1059047999.html
екатеринбург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102971/56/1029715638_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d742bba69ea6484027eb86250ad4d25d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
медал, мусобиқа, ҷаш, тоҷикистон, варзиш, екатеринбург
медал, мусобиқа, ҷаш, тоҷикистон, варзиш, екатеринбург
Ҷашнвораи варзиш дар Екатеринбург: Намояндагони Тоҷикистон чанд медал гирифтанд?
18:29 25.08.2023 (Навсозишуда: 20:38 25.08.2023) Дар мусобиқаи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ дар Екатеринбург бештари медалҳоро ба хазинаи варзишии Тоҷикистон муштзанҳо ворид кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии варзиш дар Екатеринбург то ҳол соҳиби 3 медали тило гардидаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Фестивали байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ, ки дар Екатеринбург ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс бар иловаи 4 медали биринҷӣ, 3 медали тилло ва 1 нуқра ба даст оварданд.
Манбаъ афзуд, ки Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кг, Абдумалик Болтаев дар вазни то 80 кг ҷои якум, Расул Аҳадов дар вазни то 67 кг ҷои дуюмро гирифтанд.
Дар ҷамъбасти панҷ рӯзи мусобиқот муштзанҳои Тоҷикистон дар маҷмуъ 8 медал доранд.
Аз ҷумла, нишонҳои биринҷиро Дилдода Асақалова (54 кг), Шоҳин Ҳигматов ( 63,5 кг), Диёр Султонов (75 кг), Толибҷон Расулов (86 кг) соҳиб шуданд.
Ҳамчунин ҳайати даставии ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Екатеринбург мақоми сеюмро касб намуда, ба хазинаи варзишии кишвар медалҳои биринҷӣ оварданд.
Ҷашнвораи байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ дар Екатеринбург то 31-уми август идома хоҳад кард.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони донишҷӯи 36 мамлакат аз рӯи 14 намудаи варзиш зӯрозмоӣ мекунанд.
Тоҷикистон дар ҷашнвораи варзиши донишгоҳ 54 намоянда дар 6 намуди варзишӣ намояндагӣ мекунанд.