https://sputnik.tj/20230825/khotir-salomati-korshinos-ronaldu-dushanbe-1059047999.html
Ба хотири саломатӣ: Коршинос гуфт, чаро эҳтимол Роналду ба Душанбе намеояд?
Ба хотири саломатӣ: Коршинос гуфт, чаро эҳтимол Роналду ба Душанбе намеояд?
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси риштаи варзиш Дамир Камолиддинов имкони ба Тоҷикистон омадани футболбози португалӣ Криштиану Роналдуро зери суол гузошта, омилҳоро тавзеҳ дод
2023-08-25T15:27+0500
2023-08-25T15:27+0500
2023-08-25T15:27+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
криштиану роналду
мусобиқа
осиё
лигаи олӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1c/1050332869_0:240:2048:1392_1920x0_80_0_0_b395db233196c17b27301256a96042de.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Яке аз омилҳое, ки метавонад монеи сафари футболбоз Криштиану Роналдо дар ҳайати тими "Ан-Наср" ба Тоҷикистон гардад, сабзаи сунъии варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мебошад. Ин нуктаро коршинос Дамир Камолиддинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт. Дар доираи лигаи қаҳрамонҳои Осиё, интизор меравад, ки тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ 5 декабр дар Тоҷикистон бо "Истиқлол"-и Душанбе зӯр озмояд. Мухлисон интизор доранд, ки Роналду дар ҳайати "Ан-Наср" вориди Душанбе мегардад.Аммо Дамир Камолиддинов мегӯяд, ба гумон аст, ки Роналду дар майдони сунъӣ бозӣ кунад. Ба андешаи ӯ, ҳарифоне чун "Ан-Наср" дар ҳайатҳои асосияш бо иштироки ситораҳо одатанд танҳо дар пойтахтҳои кишварҳои бузург бозӣ мекунанд"Афсӯс, ки мо дар даври охир бозӣ мекунем. Агар онҳо вазифаи баромадан аз гурӯҳро иҷро кунанд, метавонанд танҳо бозигарони маҳаллӣ, ҳайати дуюмро биёранд. Бе ситораҳо", - изҳор дошт коршинос. Ӯ зикр намуд, ки чунин дастаҳо ҳамеша мехоҳанд ҳама чизро барвақттар ҳал кунанду то охир кашола надиҳанд. "Фикр мекунам, ки ин барои "Истиқлол" дар ин бозӣ душвор хоҳад буд. Аммо дар футбол ҳамеша мӯъҷиза ҷой дорад. Барои натиҷаи хуб барои даста мухлисӣ ва умедворӣ мекунем", - афзуд Камолиддинов. Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд. Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20230825/bobokalonov-medal-zagber-muntakhab-tojikiston-ovard-1059036639.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1c/1050332869_0:48:2048:1584_1920x0_80_0_0_7141defecde9bf5a058a44afc6ece621.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, саломатӣ, варзиш, душанбе, камолиддинов, роналду
коршинос, саломатӣ, варзиш, душанбе, камолиддинов, роналду
Ба хотири саломатӣ: Коршинос гуфт, чаро эҳтимол Роналду ба Душанбе намеояд?
Эксклюзив
Коршиноси риштаи варзиш Дамир Камолиддинов имкони ба Тоҷикистон омадани футболбози португалӣ Криштиану Роналдуро зери суол гузошта, омилҳоро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Яке аз омилҳое, ки метавонад монеи сафари футболбоз Криштиану Роналдо дар ҳайати тими "Ан-Наср" ба Тоҷикистон гардад, сабзаи сунъии варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мебошад.
Ин нуктаро коршинос Дамир Камолиддинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Дар доираи лигаи қаҳрамонҳои Осиё, интизор меравад, ки тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ 5 декабр дар Тоҷикистон бо "Истиқлол"-и Душанбе зӯр озмояд. Мухлисон интизор доранд, ки Роналду дар ҳайати "Ан-Наср" вориди Душанбе мегардад.
Аммо Дамир Камолиддинов мегӯяд, ба гумон аст, ки Роналду дар майдони сунъӣ бозӣ кунад.
"Ӯ нисбати саломатии худ хеле ҳассос аст, бинобар ин фикр мекунам, ки барои бозӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе таваккал намекунад", - гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, ҳарифоне чун "Ан-Наср" дар ҳайатҳои асосияш бо иштироки ситораҳо одатанд танҳо дар пойтахтҳои кишварҳои бузург бозӣ мекунанд
"Афсӯс, ки мо дар даври охир бозӣ мекунем. Агар онҳо вазифаи баромадан аз гурӯҳро иҷро кунанд, метавонанд танҳо бозигарони маҳаллӣ, ҳайати дуюмро биёранд. Бе ситораҳо", - изҳор дошт коршинос.
Ӯ зикр намуд, ки чунин дастаҳо ҳамеша мехоҳанд ҳама чизро барвақттар ҳал кунанду то охир кашола надиҳанд.
"Фикр мекунам, ки ин барои "Истиқлол" дар ин бозӣ душвор хоҳад буд. Аммо дар футбол ҳамеша мӯъҷиза ҷой дорад. Барои натиҷаи хуб барои даста мухлисӣ ва умедворӣ мекунем", - афзуд Камолиддинов.
Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.