https://sputnik.tj/20230825/barguzori-namoish-furushi-kishovarzi-poytakht-1059054681.html
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар чаҳор боғи пойтахт
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар чаҳор боғи пойтахт
Sputnik Тоҷикистон
Дар боғҳои ба номи “Садриддин Айнӣ”, “Куруши Кабир”, “Низомиддин Алишери Навоӣ” ва “Абулқосим Фирдавсӣ” намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад
2023-08-25T19:58+0500
2023-08-25T19:58+0500
2023-08-25T20:44+0500
дар тоҷикистон
пойтахт
фурӯш
маҳсулот
кишоварзӣ
ярмарка
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922072_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_ddd36c8f2f2ba503ec5896c5b3549c01.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.Ба иттилои манбаъ, намоиши ноҳияи Айнӣ дар "Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ", ноҳияи Лахш - дар "Боғи Куруши Кабир", ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - дар Боғи "Низомиддин Алишери Навоӣ" ва ноҳияи Фархор - дар "Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" баргузор мешавад.Дар ин намоишгоҳҳо деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд. Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
https://sputnik.tj/20230408/mahsulot-dastras-mohi-ramazon-barguzori-yarmarka-dushanbe-1056307533.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922072_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_7696d3ec83965b3c5f93ce9ec6f68414.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, ярмарка, намоиш фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, пойтахт
тоҷикистон, душанбе, ярмарка, намоиш фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, пойтахт
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар чаҳор боғи пойтахт
19:58 25.08.2023 (Навсозишуда: 20:44 25.08.2023) Дар боғҳои ба номи “Садриддин Айнӣ”, “Куруши Кабир”, “Низомиддин Алишери Навоӣ” ва “Абулқосим Фирдавсӣ” намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Ба иттилои манбаъ, намоиши ноҳияи Айнӣ дар "Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ", ноҳияи Лахш - дар "Боғи Куруши Кабир", ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - дар Боғи "Низомиддин Алишери Навоӣ" ва ноҳияи Фархор - дар "Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" баргузор мешавад.
“Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 баргузор мешавад”,- қайд кардааст манбаъ.
Дар ин намоишгоҳҳо деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.