https://sputnik.tj/20230824/saforat-sadamai-margbori-muhojironi-tojik-tambov-sharh-1059028698.html
Сафорат садамаи маргбори муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Тамбовро шарҳ дод
Сафорат садамаи маргбори муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Тамбовро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи садамаи маргбори дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуданд
2023-08-24T18:36+0500
2023-08-24T18:36+0500
2023-08-24T20:32+0500
дар тоҷикистон
сафорат
садама
тамбов
бархурд
ҷароҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693243_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2e7e57a325396ccff930a06db96b2995.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22 августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови ин кишвар бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабар дод. Тавре дафтари матбуоти сафорат хабар додааст, ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 3 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ҳоли ҳозир нафароне, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд, дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардиданд. Сафорат вобаста ба ин ҳодиса ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон изҳор намудааст ва қайд кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад. Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки рӯзи 22-уми августи соли 2023 як садамаи маргбор дар шоҳроҳи 384 Р-22 рух дод,ки дар он 4 нафар, аз ҷумла як зан ҷони худро аз даст додааст. Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар вилояти Тамбов хабар дода буд, ки дар ин ҳодисаи маргбор 5 нафар, аз ҷумла 3 зан ва 2 марди дигар аз мусофирон захмӣ шуда, ба бемористони маҳаллӣ интиқол дода шудаанд. Мақомоти Русия тибқи таҳқиқоти пешакӣ эълон кардаанд, ки сабабгори асосии ин садамаи маргбор ронандаи худрави “ЛАДА 217130” будааст, ки ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар натиҷа бо худрави "LADA GRANTA" бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин фоҷеаи маргбор ҳар ду нафар аз ронандаҳо ва ду нафар аз мусофирони онҳо низ ҷони худро аз даст доданд.
https://sputnik.tj/20230822/khf-daryoft-jasad-ob-najot-sadama-1058971996.html
тамбов
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693243_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1871197509dec267331afbcbfdf3b8d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, садамаи мудҳиш, муҳоҷир, томбов, шарҳ, сафорат
тоҷикистон, русия, садамаи мудҳиш, муҳоҷир, томбов, шарҳ, сафорат
Сафорат садамаи маргбори муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Тамбовро шарҳ дод
18:36 24.08.2023 (Навсозишуда: 20:32 24.08.2023) Дар натиҷаи садамаи маргбори дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22 августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови ин кишвар бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабар дод.
Тавре дафтари матбуоти сафорат хабар додааст, ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 3 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ҳоли ҳозир нафароне, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд, дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардиданд.
Сафорат вобаста ба ин ҳодиса ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон изҳор намудааст ва қайд кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки рӯзи 22-уми августи соли 2023 як садамаи маргбор дар шоҳроҳи 384 Р-22 рух дод,ки дар он 4 нафар, аз ҷумла як зан ҷони худро аз даст додааст.
Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар вилояти Тамбов хабар дода буд, ки дар ин ҳодисаи маргбор 5 нафар, аз ҷумла 3 зан ва 2 марди дигар аз мусофирон захмӣ шуда, ба бемористони маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.
Мақомоти Русия тибқи таҳқиқоти пешакӣ эълон кардаанд, ки сабабгори асосии ин садамаи маргбор ронандаи худрави “ЛАДА 217130” будааст, ки ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар натиҷа бо худрави "LADA GRANTA" бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин фоҷеаи маргбор ҳар ду нафар аз ронандаҳо ва ду нафар аз мусофирони онҳо низ ҷони худро аз даст доданд.