КҲФ аз дарёфти ду ҷасад дар обҳо ва наҷоти як тан аз садама гуфт

© Пресс-служба КЧС ТаджикистанСпасательно-поисковых работ сотрудников КЧС Таджикистан
Спасательно-поисковых работ сотрудников КЧС Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Обуна шудан
Бо назардошти ҳаводиси рӯзҳои ахир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинон қатъиян дархост кардааст, ки қоидаҳои оббозиро риоя кунанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади ду танро аз об берун овардаанд.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти ин ниҳод, пас аз корҳои ҷустуҷӯйи 21 август ҷасади сокини 11-солаи ғарқшудаи деҳаи Ҷангалобод-3-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдатро ёфтаанд.

“Ҳамзамон, дар ин рӯз ҷисми сокини 53-солаи ҷамоати деҳоти Хуҷапанҷи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд пас аз ҷустуҷӯ дарёфт шуд”,- афзудааст манбаъ.

Дар робита ба ин КҲФ ба хешовандон ва наздикон изҳори тасаллияти самимӣ намуда, аз сокинон дасрхост кардааст, ки ҳангоми оббозӣ дар дарё ва обанборҳо тамоми қоидаҳоро риоя намоянд.
Наҷотдиҳандагони ин ниҳод ҳамчунин як ронандаро дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз доми марг раҳонидаанд.
Гуфта мешавад, ки бомдоди имрӯз 22 августи тахминан соати 03:40 ба вақти маҳаллӣ, дар километри 145-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ки аз худуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ мегузарад садама рух медиҳад.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Афзоиши ғарқшавӣ дар Тоҷикистон: Аксарияти ғарқшудаҳо ноболиғанд
КҲФ мегӯяд, ронандаи 25-сола, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста, онро ба нишебӣ сарозер кардааст.
“Дар натиҷаи чорабиниҳои наҷотдиҳӣ аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшони ноҳия ронанда аз мошини чаппашуда зинда берун карда шуд. Ӯро ба беморхонаи ноҳиявӣ бурданд”, - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин, кумита ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ, суръати ҳаракатро тибқи қоида риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0