Reuters: Тоҷикистон ба Русия бо фиреби таҳримот дар хариди қисмҳои ҳавопаймоҳо кӯмак кард

© Sputnik / Максим БлиновСамолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото
Самолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Обуна шудан
Раҳбари маркази таҳлилии авиатсионии "AviaPort"-и Маскав гуфт, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар баробари таҳримҳо "мушкилотро бо таъмини қисмҳои эҳтиётӣ ҳал кардаанд"
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия сарфи назар аз таҳримҳои Ғарб ба маблағи тақрибан 1,2 миллиард доллар қисмҳои эҳтиётии истеҳсоли Амрикоро харидаанд.
Дар ин бора оҷонси хабарии Reuters бо истинод ба маълумоти гумрук хабар додааст.
Аз ҷумла, ба навиштаи нашрия, танҳо ширкати "Уралские авиалинии" беш аз 20 қисм барои хидматрасонии ҳавопаймоҳои Airbus ва Boeing пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия харидорӣ кардааст.

"Миёни таҷҳизоти харидашуда ашёи зарурӣ барои нигоҳ доштани ҳавопаймо дар ҳолати парвоз буданд, аз қабили компрессорҳо барои танзими фишори кабина, дисплейҳои навигатсионӣ, қисмҳои эҳтиётии шассии фуруд ва ашёи рӯзмарра - қаҳвапазҳо, телефонҳои меҳмондорон ва ғайра",- гуфта мешавад дар матлаб.

Олег Пантелеев, раиси маркази таҳлилии авиатсионии Маскав AviaPort, тасдиқ кард, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия "мушкилоти" кор дар зери таҳримҳои Ғарбро ҳал кардаанд.
"Дар аввал як зарба ба амал омад, касе чӣ кор карданашро намедонист. Аммо пас аз 2-3 моҳ каналҳои нави интиқол пайдо шуданд ва пас аз 6-9 моҳ алтернативаҳои зиёде пайдо шуданд, ки имкон дод, нархҳо ва вақтҳои интиқол коҳиш дода шаванд", - гуфт ӯ.
Хабаргузории Reuters ба маълумоти гумрукӣ ишора мекунад, ки тибқи он тамоми қисмҳо тавассути кишварҳои миёнарав - Тоҷикистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин ва Қирғизистон ба Русия ворид карда шудаанд.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Сироҷиддин Муҳриддин: Таҳримҳои зидди Русия ба Тоҷикистон низ дахл доранд
Оҷонсӣ менависад, ки дар соли 2022 ду ширкати тоҷикӣ аз тариқи Имороти Муттаҳидаи Араб чандин қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳоро харида ва ба Федератсияи Русия интиқол додаанд.
Аммо ба таври расмӣ таъйид кардани ин хабар ба Reuters ва ҳамчунин маълум кардани муштарии ҷониби Русия кист, имкон надоштааст.
Дар навбати худ Кирилл Скуратов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" аз шарҳи он, ки ин интиқолдиҳанда қисмҳои эҳтиётиро чӣ гуна харидорӣ кардааст, худдорӣ кард.
"Ман дар ин бора ба шумо намегӯям. Ин маълумоти нолозим аст", - ҷавоб дод ӯ.
Лентаи хабарҳо
0